Ovozi.uz

Асрори сохтмони аҳроми Хеопс фош шуд

Мисршиносон пас аз таҳқиқоти тӯлонӣ ва истифодаи моделсозии муосири 3D эҳтимолияти сохта шудани аҳромҳоро аз ҷониби мавҷудоти беруназзаминӣ комилан рад карданд.

Таҳқиқоти нав, ки дар маҷаллаи Nature нашр шудааст, нишон медиҳад, ки мисриёни бостон усули беназири муҳандисиро барои бардоштани блокҳои сангини вазнашон то 60 тонна истифода бурдаанд.

Мувофиқи модели нав, Аҳроми Бузурги Гиза на бо ёрии шабакаи берунии роҳҳои моил, балки тавассути як роҳи моили (рампаи) дохилии махсус сохта шудааст. Коргарон қисмҳои қабатҳои беруниро кушода нигоҳ медоштанд, то маводҳо ва одамонро ба боло интиқол диҳанд. Пас аз анҷоми сохтмон ин холигоҳҳо пур карда шудаанд, ки мавҷудияти роҳро аз чашм пинҳон медошт.

Ин усули зина ба зина имкон медод, ки ҳар 4-6 дақиқа як блоки нав насб карда шавад. Ин маънои онро дорад, ки сохтмони аҳроми азим метавонист дар давоми танҳо 14 то 21 сол ба анҷом расад. Кашфиёти мазкур сатҳи баланди донишҳои математикӣ ва муҳандисии мисриёни қадимро бори дигар тасдиқ мекунад ва ба баҳсҳои чандинсола нуқта мегузорад.