— Дар натиҷаи омӯзишҳо маълум гардид, ки бори аввал шӯрои Иттифоқи касаба дар Ӯзбекистон аз тарафи коргарони роҳи оҳан ва алоқа соли 1905 ташкил шудааст, — гуфт раиси Федератсияи Иттифоқи касабаи Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Суҳроб Рафиқов дар оғози анҷумани матбуотӣ, ки дар Хонаи матбуоти вилоят баргузор гардид. — 13–20‑уми декабри соли 1905 Анҷумани аввали ходимони касабаи роҳи оҳани Осиёи Марказӣ гузаронида, дар он аз соли 1906 сар карда, оиди рӯзи кории 8‑соата қарор қабул карда шудааст.
Имсол ба таъсиси Иттифоқи касабаи Ӯзбекистон 120 сол пур мешавад. Ба ин муносибат аз тарафи шӯрои Иттифоқи касабаи вилояти Самарқанд як қатор корҳо амалӣ гардонда мешаванд.
Хусусан, дар Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд ва маркази ҷавонони вилоят вохӯрии «Роҳбар ва ҷавонон» ташкил гардида, дар он 400 нафар ҷавонон иштирок карданд. Дар шаҳри Самарқанд зери шиори «Саёҳат, зиёрат, саломатӣ» ҳар ҳафта маъракаи пиёдагардии «5 ҳазор қадам» гузаронида мешавад. Дар техникуми саломатии ҷамоатии ба номи Абу али Ибн Синои ноҳияи Булунғур «Вохӯрии се авлод» доир гардида, зиёда аз 500 нафар нуронӣ, ходимон ва ҷавонон иштирок карданд.
Инчунин, ба муносибати 120-солагии ҳаракати шӯрои Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ва пеш аз «Рӯзи ҳифзи меҳнати умумҷаҳонӣ» дар ҷамъияти саҳҳомии филиали самарқандии «Ҳудудий электр тармоқлари» оиди ҳифзи меҳнати ходимони соҳа семинар гузаронида шуд.
Дар давоми соли ҷорӣ аз тарафи Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд солимгардонии 6200 нафар ходим дар назар дошта шудааст. Аз он, дар давоми 3 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ 1032 нафар ходим ва аъзои оилаашон саломатиамонро барқарор гардондонд. Мувофиқи барномаи Федератсияи Иттифоқи касаба ба фахриёни меҳнат ва ҷанг, ҷангчиёни байналмилалӣ, чернобилчиён, оилаҳои ҷавони минтақаҳои дурдаст ва вакилони оилаҳои мӯҳтоҷи ёрии иҷтимоӣ 22 роҳхати бепул дода шуд.
Ғайр аз ин, дар доираи дастури «Ба тамоми Ӯзбекистон саёҳат кунед», соли ҷорӣ дар асоси шартнома саёҳати 30 ҳазор нафар ходим ва аъзои оилаашон дар минтақаи худ ва ҷойҳои таърихии кишварамон, дар нақша гирифта шудааст.
Ҳоло дар мавсими тобистони соли 2025 дар 12 истироҳатгоҳҳои статсионарӣ барои истироҳати 7 620 нафар бачаҳо чорабиниҳо дида мешавад.
Дар охир ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд.
Наврӯз БОБОАҲМЕДОВ
