Бо ин мақсад имрӯз, 11-уми июн дар ноҳияи Булунғур барои ходимони ВАО пресс-тур ташкил гардид. Дар давоми он ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ бо фаъолияти маркази касбу ҳунаромӯзӣ ва шуғли аҳолӣ дар ин раванд шинос шуданд. Ҳангоми сӯҳбат маълум шуд, ки чеварзан Нигора Атабоева, ки дар маҳаллаи Янгиариқи ноҳия дӯкони дӯзандагӣ кушодааст, 5 нафар зани дар рӯйхати «Дафтари занон» дохилбударо бо кор таъмин карда, бо маош таъмин месозад. Ӯ мехоҳад, ки дар оянда дӯкони дӯзандагиашро васеътар намуда, сафи коргаронро зиёд кунад. Инчунин, бо фаъолияти якчанд корхонаҳои хурд шинос шуданд, онҳо низ барои таъмини шуғли аҳолӣ камарбастаанд.
Омӯзиши касбу ҳунар дар маҳаллаҳо чӣ гуна натиҷа медиҳад?
