Ovozi.uz

Самарқанд — маркази ҳамкории брендҳои байналмилалӣ

FOODERA EXPO 2026

Дар маҷмааи SOF EXPO Samarkand намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо — FOODERA EXPO 2026 оғоз гардид. Ин чорабинӣ истеҳсолкунандагон, тақсимкунандагони маҳсулот, воридкунандагон ва харидорони касбиро ба ҳам овард. Имсол дар намоишгоҳ 87 гӯшаи намоишӣ ташкил шуда, 32‑тои он ба ширкатҳои вилояти Самарқанд тааллуқ дорад.
Ширкатҳои Ӯзбекистон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон ва Эрон маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштаанд. Ташкилкунандагон интизоранд, ки дар давоми се рӯз беш аз 3 ҳазор нафар меҳмонони касбӣ аз намоишгоҳ боздид карда, ба маблағи умумии беш аз 5 миллион доллари ИМА шартномаҳо ба имзо расанд.
FOODERA EXPO 2026 самтҳои гуногуни саноати хӯроквориро фаро мегирад. Аз ҷумла, дар он маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо, чой ва қаҳва, маҳсулоти бакалея, қаннодӣ ва нонпазӣ, маҳсулоти ширӣ, гӯшт ва мурғ, маҳсулоти яхкардашуда ва нимтайёр, консерваҳо, соусҳо ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ муаррифӣ мешаванд.
Намоишгоҳ, ҳамчунин рушди саноати хӯроквории минтақаро инъикос мекунад. Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 дар вилояти Самарқанд 1 ҳазору 311 корхона ба маблағи 21,2 триллион сӯм маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар ин давра 46 лоиҳаи нави истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ба роҳ монда шуда, 136 корхона ба 31 кишвари ҷаҳон ба маблағи 103 миллион доллар маҳсулот экспорт кардаанд.
Мақсади асосии намоишгоҳ таъсиси минбари самарабахши ҳамкориҳои тиҷоратии байни корхонаҳо (B2B) мебошад. Дар ин ҷо истеҳсолкунандагон метавонанд маҳсулоти худро ба харидорони эҳтимолӣ муаррифӣ кунанд, дистрибюторон, воридкунандагон ва намояндагони шабакаҳои савдо бошанд, таъминкунандагони нав пайдо намуда, шартҳои ҳамкорӣ, расонидан ва паҳн кардани маҳсулотро баррасӣ намоянд.
Дар байни иштирокдорони байналмилалӣ ширкати эронии Kalleh низ ҳузур дорад, ки бори аввал маҳсулоти худро дар FOODERA EXPO муаррифӣ мекунад. Ин бренд ба ширкати ҳолдингии Solico Group шомил буда, шаш сол боз дар бозори Ӯзбекистон фаъолият дорад ва беш аз 100 навъи маҳсулоти шириро ворид мекунад. Иштирок дар намоишгоҳ ба ширкат имкон медиҳад, ки робитаҳои тиҷоратии худро густариш дода, ҳамкориро бо дистрибюторон ва истеҳсолкунандагони маҳаллӣ мустаҳкам кунад.
Ҳамчунин, таваҷҷуҳи иштирокдорони намоишгоҳ ба корхонаҳои маҳаллӣ, ки самтҳои нави истеҳсолиро аз худ мекунанд, ҷалб гардид. Ширкати Newon (Нюон), ки соли 2025 дар ноҳияи Қизилтеппаи вилояти Навоӣ таҳти роҳбарии Шаҳбоз Аъзамов таъсис ёфтааст, нӯҳ навъи маводи шустушӯй ва тозакунанда, аз ҷумла гелҳои ҷомашӯӣ, собуни моеъ, маводи тозакунандаи ошхона ва тозакунандаҳои оксигендор истеҳсол мекунад. Гардиши моҳонаи корхона тақрибан 5 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Инчунин, нақша доранд, ки истеҳсоли капсулаҳои ҷомашӯӣ ба роҳ монда шуда, барои зиёдтар кардани истеҳсолот 100 ҳазор доллари иловагӣ сармоягузорӣ карда шавад.
Иштирокдори дигар самти истеҳсоли компонентҳо барои саноати хӯроквориро муаррифӣ мекунад. Ба гуфтаи менеҷери ширкат Бахтиёр Толибов, корхона бо истифода аз технологияҳои муосир крахмали ҷуворимаккаи табиӣ ва тағйирдодашударо истеҳсол менамояд.
— Мо навъҳои гуногуни крахмали ҷуворимакка истеҳсол мекунем, — гуфт Б.Толибов. — Крахмали табиӣ дар ҷараёни коркарди ҷуворимакка ҳосил мешавад, крахмали тағйирдодашуда бошад, барои ба даст овардани хусусиятҳои муайян аз коркарди иловагӣ мегузарад. Истеҳсолот бо риояи меъёру стандартҳои муқарраршуда ба роҳ монда шудааст.
Намоишгоҳи FOODERA EXPO 2026 то 29 октябр идома меёбад.

Замира БОЛТАЕВА