Ovozi.uz

Дар минтақаҳо ҳолатҳои қонуншиканӣ дар тақсимоти гази моеъ ошкор гардиданд

Дар минтақаҳо ҳолатҳои қонуншиканӣ дар тақсимоти гази моеъ ошкор гардиданд

Бо мақсади пешгирӣ аз тасарруф ва ғайриқонунӣ азхудкунии гази моеъе, ки барои аҳолии ба шабакаҳои гази табиӣ пайвастнабуда ҷудо карда шудааст, бо ҳамкории Хидмати бехатарии давлатӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Бюрои прокуратура, Вазорати ҳолатҳои фавқулода, «Ӯзэнергоинспексия» ва ҶС «Ҳудудгазтаъминот» дар саросари ҷумҳурӣ амалиёти санҷишӣ ва рейдӣ гузаронида мешаванд.

Аз ҷумла, дар ноҳияи Пастдарғами вилояти Самарқанд муайян гардид, ки як гурӯҳ шахсон бо масъулони нуқтаи тақсимоти газ забон як карда, дар бинои ғайриистиқоматии ба худашон тааллуқдошта зарфи ҳаҷмаш 6 тоннаро насб кардаанд. Онҳо баллонҳои пур аз гази моеъро, ки барои тақсимот ба аҳолӣ пешбинӣ шуда буданд, тавассути компрессор ба ин зарф холӣ карда, сипас газро дар нуқтаи пуркунии гази автомобилӣ, ки ба худашон тааллуқ дошт, ғайриқонунӣ мефурӯхтанд.

Дар ҷараёни санҷиш дар ин макон 3,1 тонна гази моеъ ба маблағи 32,2 миллион сӯм ошкор ва ҳамчун далели шайъӣ ба расмият дароварда шуд.

Қобили зикр аст, ки 3,1 тонна гази моеъ метавонад талаботи миёнаи 150 хоҷагии манзилиро дар давоми 45 рӯз таъмин намояд.

Илова бар ин, ошкор гардид, ки шахсони мазкур тавассути пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаи барқ ба манфиатҳои давлат ба маблағи 1 миллиард сӯм зарар расонидаанд.

Айни замон вобаста ба ҳолати ошкоршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, амалҳои тафтишотӣ идома доранд.

Дар ҳолати дигар, дар манзили як сокини ноҳияи Қӯшработ, соли таваллудаш 1993, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани 35 баллони газ, ки дар маҷмуъ 130 килограмм гази моеъ доштанд, ошкор гардид.

Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон низ амалиёти рейдӣ фаъолона идома дорад. Танҳо дар ноҳияи Амударё муайян карда шуд, ки дар манзили корманди шуъбаи ноҳиявии газ ва манзили як шаҳрванди соли таваллудаш 1969 дар маҷмуъ 23 баллони газ мавҷуд будааст.

Се нафар челонгари шуъбаи гази ноҳияи Боғоти вилояти Хоразм низ дар манзилҳои шиносҳои худ 25 баллони газро, ки дар маҷмуъ 300 килограмм гази моеъ доштанд, бо мақсади фурӯхтан бо нархи гарон нигоҳ медоштанд.

Дар натиҷаи чорабиниҳои гузаронидашуда дар вилояти Андиҷон муайян гардид, ки 243 баллони дорои 980 килограмм гази моеъ бо мақсади фурӯхтан бо нархи гарон ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешуданд.

Аз ҷумла, аз манзили челонгари шуъбаи гази ноҳияи Улуғнор 17 баллони гази барои аҳолӣ пешбинишуда ва аз манзили челонгари шуъбаи гази ноҳияи Шаҳрихон 13 баллони газ мусодира карда шуд.

Дар вилояти Ҷиззах низ ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳ доштани газ ошкор гардид. Ронандаи шуъбаи таъминоти гази ноҳияи Янгиобод дар манзилҳои ду шаҳрванди шиноси худ дар маҷмуъ 57 баллони дорои 720 килограмм гази моеъро ғайриқонунӣ нигоҳ медоштааст. Ин ҳолат ба таври расмӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд.

Дар вилояти Навоӣ бошад, челонгар ва ронандаи шуъбаи гази ноҳияи Нурота бо ҳам забон як карда, ҳангоми фурӯхтани ду баллони гази моеъи пуркардашуда, ки дар таркиби филиали ҳудудии «Ҳудудгаз Навоӣ» қарор доштанд, ба харидор бо маблағи 280 ҳазор сӯм дастгир шуданд.

Таъкид мегардад, ки чорабиниҳои назоратӣ дар ин самт бо ҳамкории мақомоти дахлдор мунтазам гузаронида мешаванд.

Шаҳрвандони муҳтарам!

Агар шумо бо ҳолатҳои ғайриқонунии марбут ба гази моеъе, ки барои аҳолӣ пешбинӣ шудааст, рӯ ба рӯ шавед, метавонед тавассути рақами кӯтоҳи 1520 ба Маркази тамоси Хидмати бехатарии давлатӣ занг зада, хабар диҳед.

Махфӣ нигоҳ доштани шахсияти хабардиҳанда кафолат дода мешавад.