Маълум, ки барои мақсаднок истифодаи замин, аз тарафи агентии назорати кадастр амалӣ мегардад. Ходимони агентии Садорати Тошканд ва шӯъбаҳои минтақаҳо, аз болои иҷрои қонун дар бораи замин назорати сохтор, роҳ надодани заминҳое ,ки худсарона соҳибӣ кардаанд, дида мебароянд. Аз тарафи агентии кадастр бо мақсади пурзӯр кардани чораҳои назорати замин ва кадастрҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ «40 рӯзаи долзарб» эълон гардид. Дар ҷараёни мазкур, аз тарафи нозирони замин дар ҷойи ҳолат бо ёрии планшети махсуси «Э-ер назорат» сохтори ахборот дароварда онлайн назорат карда мешавад. Ҳолатҳои аломатҳои ҷиноятдошта, яъне заминҳои корамро худсарона соҳибӣ карда ва ҳолатҳои дар сохтмони ғайриқонунӣ муайяншуда, ба идораи прокуратура фиристода мешавад. Мувофиқи моддаи 229-1 қисми дуюм дар заминҳои кишт корҳои сохтмонӣ ва худсарона соҳибӣ кардани он аз рӯи ҳисоби базавӣ ба миқдори 400 то 600 баробар ҷарима ёки аз 2 то 3 сол аз озодӣ маҳдуд ёки маҳрум карда мешавад. Дар оянда ба воситаи дронҳо чораҳои назоратӣ бурда, аз тарафи агентии «Ӯзбеккосмос» суратҳое, ки ба воситаи космик тақдим карда мешавад, қонуншиканӣ муайян карда мешавад. Замин ин боигарии умумӣ буда, яке аз ресурсҳои муҳими табиӣ ба шумор меравад. Аз он самаранок ва мақсаднок истифода бурдан лозим. Ҳар як ваҷаб замин ҳисобу китоб дорад, назоарт ҳам нисбати он мустаҳкам мегардад.
Иморатҳое, ки дар замини киштзор худсарона сохта шудаанд, вайрон карда мешаванд
