Ovozi.uz

Шарм мардонро виқор аст…


Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи эътибор,
Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст.

Бедил


Ҳоло дар байни мардуми мо занҳои заковатманду доно, бомаърифату кордон кам нестанд. Баробари ин мардони баору соҳибэҳтиром ҳам кам не…
Онҳо барои ташкил кардану гузаронидани тӯю маъракаҳо ба қадриятҳои зебои аҷдодон эътибор медиҳанд, ба онҳо ба қадри имкон риоя мекунанд.
Аммо одам шоҳиди баъзе лаҳзаҳое мегардад, ки…
Домодро ба таги чимилиқ (чодари арӯс) ҷӯраҳо — писарҳо «ҳазор алейк» гӯён медароранд. Ин кор — айбу шарми хеле калон. Охир «ҳазор алейк»-гӯӣ вазифаи занон аст. Писарҳо бояд «ёр-ёр» гӯянд. Боз бо пойафзол то пешгоҳи хона — назди чимилиқ мераванд. Оё ин нисбат ба хонадони келиншаванда беҳурматӣ нест? Боз суханҳои безеби тамаъгирона аз даҳонашон бемалол мебарояд. Ин чӣ гап! Куҷо шуд ғуруру виқори домодӣ? Канӣ салобату шаъну шарафи ҷавонмардӣ?
Чимилиқро намепӯшанд, ҳамаи амалҳои зери чимилиқро ба видео мегиранд. Ҳама тамошобин дида меистанд. Ин рафтору кирдори онҳо нисбат ба арзишҳои миллии мо, аз ҷумла «чимилиқдаророн» беҳурматӣ нест?
«Ёр-ёр» гуфтан тамоман аз байн меравад. Ба ҷои он овози дилгиркунандаю гӯшхароши нақора… Дар атрофи тӯйхона беморон, кӯдакон, пиронсолон ҳастанд. Магар ба онҳо озор намерасад? Ба ин хел амалҳо чиро тарғиб кардан мехоҳанд?
Дар тӯйхонаҳо баъзан падар бо писар май менӯшад…
Ҳурмати хурду калонҳо ба назар кам мерасад.
Ба фикрам, вақти он расидааст, ки ҷавонписаронро ғурури миллӣ омӯзем. Виқору салобати мардонагӣ, ору номус, ҳисси масъулиятшиносӣ, ҳимоятгари оилаву кишвар шуданро ёд диҳем.
Аз тарафи келиншаванда умедвори молу дунё шудан айб, шармандагарӣ буданашро фаҳмонем.
Гап бисёру одам гуфтани кадом яки онҳоро намедонад. Умуман, оқибати ин гуна корҳо хуб нест. Инро бояд ҳар кас донад ва масъулияти инсонии худро дарк кунад.


Масъуда НӮЪМОНОВА