Ovozi.uz

Бо ёрии асбобҳои фото ва видеорадар наздики 13 миллион қонуншиканӣ муайян гардидааст

Тибқи маълумот, дар давоми 11 моҳи соли 2023 дар Ӯзбекистон 693 ҳодисаи нохуши роҳ содир гардида, аз он 2 ҳазору 80 нафар ҳалок ва 8 ҳазору 55 нафар инсон ҷароҳат бардоштаанд. Дар навбаити аввал ба содир кардани ҳодисаҳои нохуши роҳ асосан нописандӣ аз тарафи шаҳрвандон, риоя накардан ба ҷавобгарии муайяншудаи қонун бошад , дуввум надонистани қоидаҳои ҳаракати роҳ сабаб мешавад. Бояд гуфт, ки дар соли 2020 дар ҳолати мастӣ 25 ҳазору 35 нафар, дар соли 2021, 40 ҳазору 542 нафар, дар соли 2022, 47 ҳазору 367 нафар ва дар соли 2023, 41 ҳазору 866 нафар дар сари чамбараки мошин нишаста ҳаракат кардаанд. Аламовар аст, ки дар соли 2023 қариб 6 ҳазор нафар ронанда дар ҳолати маст ба ҷавобгарӣ кашида шуда бошад, такроран ба сари чамбараки мошин нишаста мошин рондаанд. Дар оқибати он, дар давоми солҳои 2020-2023 наздики 500 ҳодисаи нохуши роҳ содир гардида, 271 нафар шаҳрванд ҳалок гардидаанд. Аз ин сабаб ҷаримаҳоро аз рӯи қонуншиканӣ ҳисоб карда,ҷавобгарӣ барои қонуншикан ҷазои маъмурӣ аз рӯи балл муайян карда шудааст.