Ovozi.uz

Oдобу ахлоқ дар гирдоби беэътиноӣ

Одобу ахлоқ аз арзишҳои муҳими фарҳанги мо маҳсуб меёбанд. Дар ҳар давру замон инсонро пеш аз ҳама бо ахлоқӣ нек, рафтори шоиста, ва гуфтори самимӣ арзёбӣ мекардаанд. Аммо имрӯз бо вуҷуди он ки дар бораи ахлоқ суханҳои зиёд гуфта мешавад, амалҳои ношоиста ва рафторҳои дур аз доираи одоб торафт зиёд мешаванд.

Дар байни мардум гуфторе ҳаст: «Фарзанди нек боғи падар, фарзанди бад доғи падар”. Зимни ин суханҳо маънои баланд нуҳуфтааст, ки натиҷаву оқибати тарбияи фарзанд, дар оянда ба кадом роҳ равон шудани ӯро муайян мекунад. Яъне агар волидайн ба тарбияи фарзандонашон аз овони хурдӣ эътибор диҳанд, тифлашон бо хулқу атвори накӯ ба воя расида боиси хушбахтии онон мешавад. Аммо баръакси ин ба тарбияи онҳо аҳамият дода нашавад, минбаъд боиси маломату сарзаниши атрофиён хоҳад шуд.

Сад афсӯс, солҳои охир сатҳи тарбияи фарзандон то дараҷае паст рафтааст. Баъзе падару модарон ба ин масъалаи муҳим беътиноӣ зоҳир мекунанд, ки хеле ҳолатҳои ногуворро дар ҷамъият ба миён меорад.Чанде пеш, ҳангоми аз дарсҳои иловагӣ баргаштанам, чашмам ба манзарае афтод, ки аз дидани чунин ҳолат бисёр аламзада шудам. Дар назди дарахти сари роҳ, ду ҷавон — писар ва духтаре, ки (тахминан ҳамсоли ман буд), ҳар гуна ҳаракатҳои ғайриахлоқӣ карда, ба роҳгузарон эътибор намедоданд. Гӯё чунин кори хуберо ошкор дар байни мардум мекунанду дигар барояшон чизе муҳим нест. Чунин манзараро шояд шумоён низ дида бошед, ки воқеан нигаронкунанда аст. Роҳгузарони зиёде бо чеҳраи саршор аз норозигӣ аз паҳлӯи онҳо мегузаштанд.  Ҷиҳати ҳайратовараш дар ҳамин буд, ки касе чизе намегуфт. Вале ин на аз камбудии фаҳм, балки аз бими посухҳои таҳқиромез аст.

Имрӯзҳо дар ҷомеа шунидани ҷумлаҳое чун “Ба ман кордор набошед”, “Падару модарам зиндаанд, онҳо медонанд, ки чӣ кор мекунам” ё “шумо худатонро донед” ба як одати маъмул табдил ёфтааст. Гӯё озодии шахсӣ иҷозат медиҳад, ки инсон ҳар коре, ки мехоҳад кунад, новобаста аз муҳити атроф, ахлоқи ҷамъияти ва арзишҳои миллии мо.

Оё чунин гуфтор нишонаи худшиносӣ аст ё бетафовутӣ? Ин гуна ҷавобҳо бештари вақт аз даҳони онҳое садо медиҳад, ки на ахлоқи оммавиро мефаҳманд, на масъулияти шаҳрвандиро эҳсос мекунанд. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки инсон танҳо дар чор девори хона зиндагӣ намекунад. Ҳар як қадами ӯ дар кӯча, мактаб, шаҳр низ як навъ “шеъри ахлоқ” аст, ки дигарон мехонанду дарк мекунанд. Дуруст аст, ки мо дар давлати соҳибистиқлол зиндагӣ мекунем ва соҳибу ҳуқуқу ӯҳдадориҳои озод ҳастем. Лекин ин маънии онро надорад, ки мо аз сафи одамигарию худшиносӣ баромада қадриятҳои худро фаромӯш созем.

Дар бораи коста гардидани ахлоқӣ ҷавонон бисёр андешаҳо гуфта шуда бошад ҳам, аммо то ҳол ҷой дорад.Ҷавониро давраи тиллоии умри инсон маънидод мекунанд. Наврасон бояд баробари омӯхтани илму дониш дар ҷомеа рафтори хуб намоянд. Зеро шахсияти ҳақиқӣ пеш аз ҳама бо одобу рафтори нек шинохта мешавад.

Марҷона КАРИМОВА, донишҷӯи ДДС