Ovozi.uz

Бо ширкатҳои Туркия ва Япония ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад

Чанде пеш иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд А.Бобоев, ки аз рӯи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳо ба аҳолӣ муроҷиат намуд, дар бораи дар маркази вилоят дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ бунёд гардидани клиникаи замонавии бисёрсоҳавии дорои 800 кат хабар дода буд.
Оид ба ин масъала дар ҳокимияти вилоят бо намояндагони ширкатҳои “Sojitz”-и Япония ва “Rönesans International”-и Туркия мулоқот баргузор гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят А.Бобоев қайд кард, ки ҳарчанд имрӯз дар Самарқанд якчанд марказҳои тиббии давлативу хусусии калон вуҷуд доранд, онҳо асосан клиникаҳои дорои ихтисоси муайян мебошанд ва аз ин рӯ, ба муассисаи тиббии бисёрсоҳаи ҷавобгӯи талаботи имрӯза, ки ба таҷриба ва технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ такя мекунад, зарурат вуҷуд дорад.

Намояндагони ширкатҳои Япония ва Туркия ин ташаббусро дастгирӣ карда, дар бораи лоиҳаҳои худ, ки дар саросари ҷаҳон амалӣ мешаванд, маълумот доданд. Инчунин таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар кишвари мо бо ҳамкории Япония ва Туркия дар самтҳои таъмини муассисаҳои тиббӣ бо асбобу анҷомҳои тиббии замонавӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳа ва омода намудани кадро якчанд лоиҳаҳо амалӣ карда мешаванд.

Дар вохӯрӣ лоиҳаи маркази тиббии бисёрсоҳаи дорои 800 кат, ки дар шаҳраки нави Ширини Самарқанд сохта мешавад, муаррифӣ шуд. Оид ба инфрасохтори беморхона, шӯъбаҳои таъсисдодашуда ва таҷҳизоти тиббӣ, ки бо арзиши умумии 300 миллион доллари ИМА таъмин карда мешаванд, табодули афкор карданд. Қарор аст, дар оянда барномаҳои омодасозии кадрҳои тиббӣ дар заминаи ин марказ амалӣ шаванд.

— Дар Ӯзбекистон дар ҷараёни ислоҳоти куллии соҳаи тандурустӣ барои сармоягузорони хориҷӣ ва намояндагони секторҳои хусусӣ имкониятҳои васеъ ва шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст, — гуфт намояндаи ширкати “Rönesans International”-и Туркия Ҷем Ӯзоғуз. — Ана ҳамин ҷиҳатҳоро ба инобат гирифта, мо якҷоя бо корпоратсияи Япония дар Самарқанд бунёд намудани клиникаи замонавиро мақсад кардем. Аз тарафи ҳокимияти вилоят дастгирӣ шудани ин таклиф ба мо ёрии калон мерасонад. Беморхона дар асоси шарикии давлатӣ-хусусӣ таъсис дода мешавад. Мо, инчунин дар идоракунии клиника ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ иштирок мекунем.

Ҷонибҳо созиш карданд, ки лоиҳаи пешниҳодшударо бо иштироки мутахассисон муфассал муҳокима кунанд.