Ovozi.uz

Дар як саф баробари ҳама

Дар мамлакати мо тамоми шаҳрвандон баробарҳуқуқанд. Онҳое ҳам, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ ноқисӣ ва ногироӣ доранд, маъюбон ҳам ҳамчун аъзои баробарҳуқуқи ҷамъият ба пешрафти некӯаҳволии халқ ва тараққиёти мамлакат ҳиссаи худро мегузоранд. Нобиноён ҳам аз ин истисно нестанд. Дар вилоят шумораи умумии онҳо бештар аз 13 ҳазор нафарро ташкил мекунад.

Раиси шуъбаи вилоятии Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зойир Оқбӯттаев аз соли 2017 дар ин вазифа кор мекунад.

— Шуъбаи вилоятии Ҷамъияти ихтиёрии нобиноёни Ӯзбекистон 2691 нафар аъзо дорад. Дар тамоми 16 шаҳру ноҳия бахшҳои шуъбаи мо амал мекунанд. Дар давоми моҳҳои январ-­августи соли равон аз ҷониби мо ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ, иду ҷашнвораҳо 96 маротиба чорабиниҳои гуногуни маънавию маърифатӣ гузаронида шуданд. Аъзои ҷамъият ҳамчун шаҳрвандони баробарҳуқуқи ҷомеа дар озмуну мусобиқаҳо иштирок мекунанд. Бахшида ба Рӯзи хотира ва қадршиносӣ озмуни шеърхонӣ ташкил карда шуд. Дар он 8 нафар аъзои ҷамъияти мо иштирок карда, бисёриҳоро қоил намуданд. Дар мусобиқаи саводхонии компутерӣ 4 нафар иштирок карданд. 60 нафар дар мусобиқаи шашкаву шоҳмот қувваю маҳорати худро намоиш доданд. Аз ҳисоби аъзои ҷамъиятҳои шаҳру ноҳияҳо 480 нафар чашмоҷизон ба саёҳати мамлакатамон баромада, осорхона, ҷойҳои таърихӣ, зиёратгоҳ, қадамҷойҳои ниёгони бузургамон ва хиёбону гулгаштҳоро тамошо карда омаданд.

Дар ҷамъият ҳар одам бояд дар ягон ҷо кор карда, барои зиндагонии худ манбаи даромаде дошта бошад. Нобиноёни вилоят дар панҷ корхонае, ки дар назди ҷамъият ташкил карда шудааст, меҳнат мекунанд. Дар ин коргоҳҳо ҷиҳозҳои мулоим ва мебелҳои гуногун истеҳсол карда мешаванд. Аз ҳисоби ҷамъияти чашмоҷизони мамлакат дар вилоятамон боз 4 корхона амал мекунанд, ки коргарони асосии онҳо нобиноён мебошанд.

Мувофиқи қонуни табиат ягон узви одам аз кор барояд ва ё вазифаҳояшро дуруст иҷро накунад, узвҳои дигараш бақувват мешаванд. Нобино ва ё одамони чашмонашон оҷиз қувваи ҳофизаи хуб ва дар соҳаҳои дӯстдоштаи худ истеъдоди баланд доранд. Масалан, ҳоло 319 нафар аъзои ҷамъият маълумоти олӣ доранд. Инчунин, дар байни онҳо қариб 30 нафар эҷодкорон ҳастанд. Баъзеи онҳо китобҳои худро чоп кардаанд. Ҳофизони ба назар намоёни ҷамъият Фарҳод Ҳалимов, Зоҳид Салимов, Нодир Қӯшимов, Ғайрат Рустамов ва дигарон дар чорабиниҳо иштирок карда, ба ҷамъомадҳо ҳусну таровати тоза мебахшанд. Инчунин, тӯю базмҳоро «метафсонанд».

— Барои баланд гаштани маънавияту маърифати шахсони нобино шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд, — гуфт ҳангоми сӯҳбат сармутахассиси ҷамъият Гулноза Ашӯрова. — Аввало, барои фарзандонамон мактаб-­интернати махсуси рақами 59 «Нурли маскан» мавҷуд аст. Дар он ҳоло 247 нафар бачаҳо таълиму тарбия мегиранд. Бо алифбои махсуси Брайл хондану навиштанро ёд мегиранд. Маҷаллаи махсуси нобиноён «Бир сафда» («Дар як саф») дар ҳар ду моҳ як маротиба чоп мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 18 адад китобхона фаъолият доранд, ки чашмоҷизон аз хазинаи онҳо бемалол истифода мебаранд. Дар коллеҷу омӯзишгоҳ ва мактабҳои олӣ ҷавонони мо мисли дигар донишҷӯён таълиму тарбия мегиранд ва ё касбу ҳунар меомӯзанд. Умед мекунем, ки дар оянда сафи маълумоти олидор ва ҳунармандони моҳир зиёд мешаванд.

— Аввали моҳи июн иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев дар қабули сайёр арзу муроҷиатҳои нобиноёнро ҳам шунид. Аъзои ҷамъияти шумо ва умуман нобиноён бо чӣ гуна муаммоҳо ба ҳокими вилоят муроҷиат карданд? — пурсидем аз раиси Ҷамъияти нобиноёни вилоят Зойир Оқбӯттаев. Ӯ чунин ҷавоб дод:

— Дар қабули сайёр аз тамоми гӯшаву канори вилоят қариб 100 нафар нобиноён ҳам иштирок доштанд. Онҳо асосан масъалаҳои таъмин бо хонаву ҷой, маблағ барои чорабиниҳои маҳалливу вилоятии ҷамъият, дастгирии моддӣ барои табобат, роҳхат барои дамгирӣ дар курорту санаторияҳо, ёрии моддиву маънавӣ ва ғайраро ба миён гузоштанд. То ҳол қариб 70 дарсади онҳо иҷро шуданд. Мо ният дорем, ки дар оянда барои аъзоёни ҷамъият як маскани дамгирӣ низ бунёд кунем.

М.ҶУМЪАЗОДА