Имсол дар маҳаллаи Мелихӯҷаи ноҳияи Каттақӯғон дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд. Зеро бо ташаббуси Сарвари давлатамон дар ин ҷо бо мақсади тадбиқи меъёрҳои «Хонадони обод», «Кӯчаи обод» ва «Маҳаллаи обод» корҳои созандагиву ободонӣ оғоз гардидаанд ва дар тамоми гӯшаву канори маҳалла ин гуна корҳо идома доранд.
Дар маҳалла 1157 хонавода мавҷуд буда, шумораи аҳолӣ 5540 нафарро ташкил мекунад.
Мувофиқи лоиҳа дар соли 2024 татбиқи корҳои зиёди сохтмониву азнавсозӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, маҳалла, ки то ҳол бинои дурусти худро надорад, маркази нави маҳалла бунёд карда мешавад. Баъди ба истифода супоридани он кори раиси маҳалла, фаъоли зан — духтарон, ёрдамчии ҳоким, сарвари ҷавонон ва дигар фаъолони маҳалла боз ҳам пурсамартар хоҳад шуд. Кор, ки пурсамар гардид, натиҷаҳояш ҳам хурсандиовар мешавад.
Дар барномаи «Маҳаллаи обод» ба муассисаҳои таълими мактабиву томактабӣ эътибори калон дода мешавад. Дар маҳалла азнавсозии 2 мактаб ва аз таъмири ҷорӣ баровардани боз 2 мактаби дигар дар назар дошта шудааст. Ташкилоти таълими томактабии рақами 19 низ пурра азнавсозӣ мегардад.
Барои аҳолии маҳалла сохтмони пункти оилавии шифокорӣ ба нақша дароварда шудааст. Пас аз бунёди пункт мардуми маҳалла метавонанд дар ҳамин ҷо аз назорати тиббӣ гузашта, табобат гиранд ва саломатии худро пойдору мустаҳкам намоянд.
Барои сохтмони 4 майдончаи варзишӣ ва 4 иншооти дигари спортӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шудаанд.
Ба ободонии ҳар маҳалла аз рӯи роҳу кӯчаҳои он баҳо медиҳанд. Бинобар ҳамин, акнун роҳу кӯчаҳои маҳаллаи Мелихӯҷа ҳамвору васеъ мегарданд ва барои мардум мушкилоти боркашонӣ ва равуо камтар мешавад. Бо ин мақсад, 15 километр роҳҳои асосии маҳалларо асфалтпўш мекунанд. Инчунин, ба 22,4 километри роҳҳо шағал рехта, тахту ҳамвор месозанд. Дар ин бобат як қисми корҳо аллакай амалӣ шудаанд.
— Барои маҳалларо ба меъёрҳои «Хонаи обод», «Кӯчаи обод» ва «Маҳаллаи обод» мутобиқ гардондан бисёр ташкилоту корхонаҳои ноҳия вобаста карда шудаанд, — гуфт роҳбари хидмати матбуоти ҳокимияти ноҳия Ҷаҳонгир Сафаров. — Вазъи шабакаҳои барқӣ ва таъминоти оби нӯшокии маҳалла ҳам ба талабот ҷавоб намедод. Бинобар ҳамин, дар маҳалла 2 трансформатори нав гузошта мешавад. 14 трансформаторе, ки ҳоло дар маҳалла мавҷуданд, таъмир мегарданд. Инчунин, насби 730 сутуни оҳану бетонӣ дар назар аст. Сохтмони 2 иншооти нави обӣ ва таъмири 2 чоҳи артезианӣ ба охир расонида шуда, сохтмони 600 метр хатти шабакаи гази табиӣ оғоз ёфтааст.
Илова бар ин, дар маҳалла маркази нави таълимӣ, нуқтаҳои савдо ва хидмати маишӣ бунёд хоҳад шуд. Ҳоло ташкилотҳои дахлдор оиди ин масъалаҳо кор мебаранд.
Имрӯзҳо баробари ин гуна корҳои сохтмониву бунёдкорӣ дар маҳалла тадбирҳои гуногуни маънавию маърифатӣ низ пурзӯр гардонида шудаанд.
Б.ҶУМЪАЕВ.
