12‑уми феврал дар толори конгресси «Silk Road Samarkand» маросими ифтитоҳи ботантанаи ҷамъомади 14‑уми конфронси иштирокчиёни Конвенсия оид ба ҳифзи намудҳои кӯчманчии ҳайвоноти ваҳшӣ (CMS COP14) баргузор гардид.
Чорабиниро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Арипов кушода, муроҷиати Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёевро ба иштирокчиён хонда дод.
«Дар Ӯзбекистон ба ҳифзи намудҳои кӯчманчии ҳайвоноти ваҳшӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Солҳои охир заминаи меъёрию ҳуқуқии ин соҳа такмил ёфта, қонунҳои нав қабул гардида, татбиқи самараноки онҳо таъмин карда шуд.
Ӯзбекистон тӯли солҳои 2024–2027 дар давраи раёсат ба Конвенсияи ҳифзи намудҳои ҳайвоноти кӯчманчӣ барои сафарбар кардани тамоми нерӯ ва имконоти худ омода аст. Мо аз қабули нақшаи нави стратегӣ барои солҳои 2024–2032 дар Самарқанд, ки самтҳои асосии кори ояндаро дар ин замина муайян мекунад, истиқбол мекунем», — гуфта мешавад дар муроҷиат.
Конфронс зиёда аз 1800 нафар иштироккунандагони 130 мамлакатро барои ҳалли яке аз муаммоҳои муҳимтарине, ки ба тамоми ҷамъияти ҷаҳонӣ— нигоҳ доштани навъҳои кӯчманчии ҳайвоноти ваҳшӣ ҷамъ овард.
Вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим Азиз Абдуҳакимов, ҷонишини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, директори иҷроияи Барномаи муҳити зисти созмон Ингер Андерсен (UNEP), котиби иҷроияи Конвенсия оид ба намудҳои кӯчманчӣ Эми Френкел, роҳбари Маркази ҷаҳонии мониторинги муҳити зисти СММ (UNEP-WCMC) Келли Малш, вазирон, раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, дипломатҳо, коршиносони соҳа ва дигарон иштирок доранд.
— Шиори конфронс «Табиат сарҳад намедонад» аст, — гуфт А. Абдуҳакимов. — Воқеан, барои ҳайвоноти кӯчманчӣ сарҳаде вуҷуд надорад. Бинобар ин, мо тарафдори мустаҳкам намудани ҳамкории байнисарҳадӣ ва муттаҳид намудани ҳаракатҳои муҳофизати табиат ҳастем. Рушди ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Марказӣ вазифаи устувори мост, зеро мувозинати экологӣ, экосистема ва навъҳои муҳоҷират ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро тақозо мекунад.
Дар рӯзи дуюми ҷамъомад вазири Экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлими кишварамон Азиз Абдуҳакимов бо раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода вохӯрд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳимми ҳифзи муҳити зист ва экология аз тарафи ҷонибҳо баррасӣ гардида, оиди нақшаҳои минбаъда барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо табодули афкор карданд.
Дар доираи чорабинӣ ба як гурӯҳ намояндагони соҳа нишони сарисинагии «Муҳофизи табиат» супорида шуд.
Дар конфронси иштирокчиёни Конвенсия оид ба ҳифзи намудҳои кӯчманчии ҳайвоноти ваҳшӣ баррасии беш аз сад масъала дар назар аст.
Аз ҷумла, дар доираи чорабиниҳои рӯзи якум ҳисоботи аввалини глобалӣ дар бораи вазъи намудҳои кӯчманчии ҳайвонот, доир гардид. Инчунин, масъалаҳои ҳамкории байнисарҳадӣ ва байниминтақавӣ аз рӯйи ҳифзи намудҳои кӯчманчии ҳайвонот муҳокима карда шуд.
Ҷамъомади CMS COP14 то рӯзи 17‑уми феврали соли равон идома меёбад.
Шаҳзод КЕНҶАЕВ.
