Аҳрор Баҳромов зодаву парвардаи маҳаллаи Қавчинони ноҳияи Самарқанд аст. Ба синни 70 қадам мегузорад. Дар соҳаҳои бинокориву кишоварзӣ кор кардааст.
Ҳоло нуронии фаъоли маҳаллаи Ширинобод аст. Чанд сол котиб ва баъдтар раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла ҳам буд. Мактаби олиро хатм накарда бошад, ки аз имтиҳонҳои мактаби зиндагӣ сарбаландона гузаштааст. Мӯйсафеди хирадманду солор ва суханҳояш пандомез мебошад. Мо бо ӯ дар бораи тӯю маъаракаҳо, ки мардуми моро харобу абгор менамоянд, сӯҳбат оростем.
— Раиси маҳаллаи мо Дилором Рустамова вазифаи гузаронидани тӯю маъракаҳои маҳалларо ба зиммаи мо гузоштаанд, — дар оғози суҳбат гуфт А.Баҳромов. — Ба ин кор асосан Саидқул Тоҳиров роҳбарӣ мекунанд. Мо ёрдамчиёни он кас, ба равиши замона нигоҳ карда, фикри мардумро ба инобат гирифта, ин корҳоро пеш мебарем. Ҷавононро ҳам дар ҳамин рӯҳия тарбия мекунем. Бо ин мақсад вохӯрии се авлодро мегузаронем. Дар маҳалла ҳар моҳ як-ду маъракаи тӯй, фотиҳа ва ё маросими азо гузаронида мешавад. Ҳозир маросимҳои таъзияро ҳам хеле ихтисор кардем. Ҳамагӣ се рӯз. Маросимҳои бисту чилро соҳибони мурда дар байни худашон мегузаронанд. Тӯйро ҳам камхароҷот карда истодаем. Ба оро додани дастархони пурдабдаба хотима гузоштем, ки ба мардум сабук афтад. Барои ин, тарғибот ҳам мегузаронем.
— Фақат тарғибот?
— Не, дар амал ҳам татбиқ карда истодаем. Тӯйҳои хубу намунавиро ба навор гирифта, ба канали телеграмии маҳалла мегузорем. Мардум бинанд ва хулоса бароранд. Ин гуна чорабиниҳо натиҷаҳои хуб медиҳанд.
— Маъракаҳои мардуми маҳалла дар тарабхонаҳо гузаронида мешаванд ва ё дар хонаҳояшон?
— Ин тахминан 50 бар 50 аст. Дар хона гузаронанд, фоидаи худашон аст. Хушбахтона, ҳоло аксарият дар хонаҳои худ мегузаронанд. Масалан, дар ресторан маъракаро гузаронанд, барои як ҷои нишаст камаш 300 ҳазор сӯм маблағ сарф мешавад. Агар дар хона гузаронанд, нисфи ҳамон ҳам намеравад ва ин ба фоидаи хонадон аст. Агар бо 50 кас дар ресторан 10 миллион хараҷот кунед, бо 10 миллион дар хона ҳам фотиҳа ва ҳам тӯйро гузаронидан мумкин аст. Дар ресторанҳо хӯроквориҳо, салат ва ғайраи бисёре барои меҳмонон пешниҳод карда мешаванд. Вале ба аксарияти онҳо мардум, ҳатто, даст намерасонанд ва дар натиҷа хӯрокворӣ исроф мешавад. Дар ресторанҳо исрофкорӣ аз ҳад зиёд аст. Барои ҳамин, мо ба мардум мегӯем, ки маъракаҳояшонро дар хона гузаронанд. Дар ҳавлӣ кунанд, 30 бар 70 фоида аст. Чунки дар хона барои ҳар як ҷои нишаст пул намедиҳанд, фақат барои маҳсулот пул медиҳанд. Боз ҳаққу ҳамсояҳо баҳравар мешаванд, бачаҳо хурсандӣ мекунанд, аз пӯчоқҳо гову моли ҳамсоя мехӯрад. Фотиҳаро ҳам танҳо бо хешу табор гузаронданро тавсия мекунем. Умуман шумораи хабарҳоро ҳам кам кардем. Мисли пештара бо 700 ё 1000 кас гузарондани тӯйҳоро барҳам додем. Ҳоло шумораи тӯйхӯрҳо дар атрофи 200–250 нафар аст. Асосан, хешу табор ва ҳамсояҳои ҳамон кӯча дар маърака иштирок мекунанд. Ба иҷрои ин гуна корҳо на танҳо мо, балки аъзои шӯрои нурониёни маҳалла ҳам ҷалб карда шудаанд.
— Агар мардум тӯйҳояшонро дар хонаводаҳои худ гузаронанд, мизу курсӣ ва зарфу дигар чизҳо мерасанд?
— Мерасанд. Мо дар маҳалла бист комплект мизу курсиҳо ва мувофиқи ҳамон зарфҳо низ дорем. Ҳамаи онҳо замонавӣ, чойнику пиёла ва косаву табақҳои пахтагул дорем. Мо барои истифодаи чизу чораҳои маҳалла барои се рӯз пул намегирем. Тамоми шароитҳои зарурӣ, аз ҷумла, ошпаз, хабарчӣ, чойхоначӣ, зарфшӯй ҳам ҳастанд.
— Бисёре аз занҳо мехоҳанд, ки маъракаҳояшон дар ресторанҳо гузарад. Ба онҳо манфиати дар хона гузаронидани тӯю сурро чӣ хел мефаҳмонед?
— Дуруст, ин хел занҳо ҳам ҳастанд. Вале дар хонаводае, ки гапи мард гап бошад, аксарият маъракаҳоро дар хонаҳояшон мегузаронанд. Онҳо ба гапи занҳо надаромада, тӯю фотиҳа ва ҳатто, базми арӯсиро ҳам дар ҳавлиҳои худ барпо мекунонанд. Агар дар хона гапи зан гузаро бошад, маърака бо нишондодҳои зан барпо мегардад.
— Ба кадом хели маъракаҳо — тӯи хатнасур ё арӯсӣ маблағ бештар сарф мешавад?
— Албатта, ба тӯйи арӯсӣ. Он дутарафа аст. Дар маъракаҳои худамон ва ё дигарон, ки мо қудо шуда рафтем, дар таги дари арӯс баландгӯякҳо оварда дангару дунгур мекунанд, мошинҳои аз ҳад зиёд қатор мешаванд. Масалан, домод 30 ҷӯра дошта бошад, 30 мошин овардан чӣ лозим? Ин ба расму одати мо мувофиқ нест ва ба талаботи бехатарии роҳ ҳам ҷавоб намедиҳад. Ҳозир боз мошинҳои алоҳидаи сарупоро ба иҷора гирифта, чизҳои арӯсу домодро ҳавас кунед гуфта, нишон медиҳанд, ки ин ҳам даркор нест. Ҳофизони бисёр оварданро ҳам манъ кардем. Ҳар гуна тӯйҳо дар маҳаллаи мо ду соат давом мекунад. Агар соати 10 сар шавад, соати 12 ба охир мерасад.
— Баъди ба хонаи домод овардани арӯс мушакпаронӣ ҳам расм шудааст…
— Инро асосан шаҳриҳо мекунанд. Пулро беҳуда ба ҳаво сар додан чӣ лозим? Халқи мо ба қадри пул мерасанд ва ба ин гуна корҳои бефоида пул сарф намекунанд. Лекин ҳамон аз қадим мондагӣ анъанаи «ёр-ёргӯӣ» ҳаст. Он ҳам то ба хонаи домод 100–200 қадам мондан машъал афрӯхта, келинро «ёр-ёр» гӯён мебаранд. Мо ин урфу одати қадимаи худро нигоҳ медорем. Келинро ба хонаи домод оранд, бо ҳамин тӯй тамом. Чилагурезон ҳам нест. Агар хоҳанд, худи ҳамон хонаводаҳо ин гуна маъаракаро дар доираи хурд гузаронданашон мумкин аст.
Мусоҳиб Б.ҶУМЪАЕВ
