Кормандони соҳаи тандурустии вилояти Самарқанд бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.
Бо Фармони Президенти Ӯзбекистон «Дар бораи сарфароз гардонидани гурӯҳи кормандони соҳа ба муносибати Рӯзи кормандони тиб», як гурӯҳ кормандони соҳаи тандурустӣ бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ шуданд. Дар байни онҳо намояндагони вилояти Самарқанд низ ҳастанд.
Дар ҳокимияти вилоят маросими тантанавии супоридани мукофотҳо баргузор гардид. Дар он кормандони сазовори мукофотро самимона табрик гуфта, ба фаъолияти минбаъдаи онҳо дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ муваффақиятҳо орзу карданд.
Тибқи фармони Президент, дояи шӯъбаи таваллуди филиали вилоятии Маркази махсусгардонидаи ҷумҳуриявии илмию амалии тандурустии модару кӯдак Нодира Бобоева бо ордени дараҷаи II «Соғлом авлод учун» сарфароз гардид.
Ҳамчунин, ҳамшираи калони шуъбаи тандурустии ноҳияи Самарқанд Саноат Абдураҳмонова ва ронандаи шуъбаи Маркази ҷумҳуриявии ёрии таъҷилии тиббии ноҳияи Пахтачӣ Низомиддин Умирзоқов бо медали «Шуҳрат» қадрдонӣ шуданд.
Мукофотҳои давлатӣ ба кормандони тиб
