Ovozi.uz

Дар Самарқанд аттестатсияи тирамоҳии омӯзгорон идома дорад

Бо оғози даври навбатии аттестатсияи омӯзгорон, дар Маркази баҳодиҳии дониши шаҳри Самарқанд низ имтиҳонҳо расман оғоз гардиданд. Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Самарқанд барои рӯзноманигорон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ пресс-тур ташкил кард, ки ба ҷараёни аттестатсияи тирамоҳии омӯзгорон бахшида шуд. Дар доираи пресс-тур иштирокдорон имкон пайдо карданд, ки бо ҷараёни аттестатсия дар Маркази баҳодиҳии дониш аз наздик шинос шаванд.

Дар ҷараёни пресс-тур масъули асосии вилоят оид ба ташкили аттестатсия Фаррух Болтаев ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб дода, оиди ҷараёни имтиҳонҳо ва нишондиҳандаҳои асосӣ маълумот пешниҳод кард.

— Аттестатсия бо риояи талаботи шаффофият ва тартиби муқарраршуда баргузор гардида, мақсади асосии он баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва беҳтар намудани сифати таълим мебошад, — гуфт ӯ. — Ҳоло қариб 26 ҳазор нафар омӯзгор дар аттестатсия иштирок мекунад, ки беш аз 3 ҳазор нафар маҷбурӣ ва қариб 23 ҳазор нафари онҳо ба таври ихтиёрӣ аз аттестатия мегузаранд. Дар рӯзи аввали имтиҳон 704 омӯзгори фанни информатика ва технологияҳои иттилоотӣ дониш ва салоҳияти касбии худро санҷиданд.

Тибқи маълумоти Ф.Болтаев, дар вилояти Самарқанд ҳамагӣ 64 008 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд. Аз ин шумора, 7 720 нафар (12,1 фоиз) соҳиби тоифаи олӣ, 12 124 нафар (18,9 фоиз) дорои тоифаи якум ва 14 512 нафар (22,7 фоиз) дорои тоифаи дуюм мебошанд. Ҳамчунин, 22 184 нафар (34,7 фоиз) ба гурӯҳи мутахассисон дохил шуда, 7 468 нафар (11,7 фоиз) маълумоти миёнаи махсус доранд.

Дар ҷараёни чорабинӣ нишасти матбуотӣ низ баргузор гардид. Дар он роҳбари Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Самарқанд Рустам Йӯлдошев дар бораи ислоҳоте, ки дар нӯҳ моҳи соли равон дар соҳаи таълими томактабӣ ва мактабӣ амалӣ шудаанд, инчунин натиҷаҳои бадастомада ва чораҳои андешидашуда дар самти баланд бардоштани сифати таълим маълумоти муфассал дод.

Зикр гардид, ки дар вилоят 5 662 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 4 007 муассисаи томактабӣ ва 1 359 муассисаи таълими умумӣ фаъолият мекунанд. Дар вилоят 409 580 кӯдак ба қайд гирифта шуда, 281 113 (68,6 фоиз) нафари онҳо бо таълими томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Дар соли 2026 дар ин самт муассисаҳои нав таъсис ёфта, имконият барои фаро гирифтани боз 13 500 кӯдак муҳайё гардидааст. Дар муассисаҳои таълими умумӣ 817 885 донишомӯз таҳсил мекунанд.

Дар соли таҳсили гузашта аз 51 216 хатмкунанда 26 632 нафар, яъне 52 фоиз, ба муассисаҳои таълими олӣ дохил шуданд. Ҳамчунин, хонандагони вилоят дар олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Дар соли 2026 барои сохтмон ва таъмири 205 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла 138 мактаб ва 67 муассисаи томактабӣ 899 миллиард сӯм пешбинӣ шудааст. То моҳи октябр 96,6 фоизи корҳои ба нақша гирифташуда иҷро гардида, 154 иншоот ба истифода дода шудааст.

Ҷовид САЛОМАТУЛЛОЕВ