Ovozi.uz

Қоидаҳои ғайриоддии мактабҳои Япония

Хонандагон ба ошхонаи мактаб намераванд. Хӯроки аз ҷониби давлат ташкилшуда ба синфхонаҳо оварда мешавад ва аз хонандагон талаб карда мешавад, ки ҳамаи хӯроки пешниҳодшударо тамом кунанд.

Дар онҳо таътили тобистона вуҷуд надорад. Ба ҷои он, дар давоми соли таҳсил танаффусҳои панҷҳафтаина мавҷуданд ва омӯзгорон дар ин муддат низ бо хонандагон ҳамкории зичро идома медиҳанд.

Дар мактаб фаррош вуҷуд надоранд. Ин вазифаро худи хонандагон иҷро мекунанд. Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш мекунанд, ки партов напартоянд ва мактабро тоза нигоҳ доранд.

Ба хонандагон иҷозат дода намешавад, ки мӯйҳояшонро оро диҳанд ё аз рангҳои мӯй истифода баранд.

Хонандагон пас аз хатми синфи ибтидоӣ пӯшидани либоси ягонаи мактабиро (формаро) оғоз мекунанд.

Ҳар як хонанда бояд шиновариро донад! Дарсҳои шиноварӣ дар ҳавзҳои мактабӣ гузаронида мешаванд ва хонандагон бояд ин малакаро комилан аз худ кунанд.

Ҳар хонандае, ки аз имтиҳон нагузарад, бояд пеш аз супоридани имтиҳони такрорӣ бо омӯзгори дигар машғулиятҳои иловагӣ гузарад. Дар мактабҳо ба ҳеҷ як хонанда иҷозат дода намешавад, ки танҳо ба хотири истеъдоди худ аз дигарон фарқ кунад! Низоми таълими Япония бар ин принсип асос ёфтааст, ки «хонандаи беистеъдод вуҷуд надорад».

Мактабҳои Япония ба ҳар як хонанда ҳамчун ба шахси баробарҳуқуқ, вале нотакрор менигаранд ва ин низом ба рушди ҳамаҷонибаи онҳо нигаронида шудааст.