Ovozi.uz

Зеҳни сунъӣ ва журналистика

Сол то сол технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ба бисёр соҳаҳои зиндагии инсон бештар таъсир мерасонад. Соҳаи журналистика ҳам аз ин истисно нест. Ҳоло хабар ва ё мақоларо на танҳо журналист, балки зеҳни сунъӣ ҳам менависад, таҳлил ва паҳн мекунад. Суоле ба миён меояд: зеҳни сунъӣ ба журналистика хизмат мекунад ва ё ин соҳаро аз байн мебарад?

Имрӯз зеҳни сунъӣ дар як сония ҳазорҳо манбаи ахборро таҳлил, аз байни он маълумоти муҳимро ҷудо ва аз рӯи он хулоса мебарорад. Ин ҷараён суръати пахши хабарро зиёд карда, хатоҳоро кам мекунад.

Зеҳни сунъӣ имконият медиҳад, ки журналист боз бештар кор кунад, маълумотҳоро таҳлил намояд. Ин ҷараён пеш аз ҳама ба ривоҷи журналистикаи тадқиқотӣ мусоидат мекунад.

Таҷрибаи амалии истифодаи зеҳни сунъӣ дар ВАО
Таҷрибаи расонаҳои байналмиллалии ахбор нишон медиҳанд, ки зеҳни сунъӣ ҳоло дар зинаи санҷиш не, балки ба амал татбиқ шудааст. Масалан, рӯзномаи «IL Foglio»-и Италия аввалин нашрия дар ҷаҳон гардид, ки шумораи мукаммали рӯзномаро бо ёрии зеҳни сунъӣ чоп кард. Муҳаррири он Клаудио Сераса таъкид кардааст, ки ин иқдом натиҷаи санҷиши якмоҳа буда, мақсади асосӣ муайян намудани таъсири техналогияҳои зеҳни сунъӣ ба сифати кор ва сарфаи вақт дар фаъолияти журналистӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки истифодаи зеҳни сунъӣ на ҳамеша бехатар аст. Масалан, рӯзномаи англисии «Dawn»-и Покистон бинобар беэҳтиётӣ дар яке аз мақолаҳои тиҷоратии худ ҷумлаеро, ки ChatGPT навишта буд, нашр кард. Дар ин мақолаи рӯзи 12‑уми ноябр нашршуда, матни пешниҳодкардаи зеҳни сунъӣ боқӣ мондааст ва дар он ChatGPT омодагии худро барои боз ҳам ҷолибтар ва равон намудани саҳифаи аввал бо истифода аз далелҳо ва инфографика баён кардааст. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки назорати инсон дар ҷараёни таҳрир то чӣ андоза муҳим аст.

Оё журналист ҷойи худро аз даст медиҳад?
Нафароне андеша доранд, ки истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад боиси бекор мондани журналистон гардад. Вале таҷриба нишон медиҳад, ки технология ҷойи инсонро гирифта наметавонад, балки вазифаи ӯро дигар мекунад. Зеҳни сунъӣ матн эҷод карда метавонад, аммо қобилияти фикр кардан, эҳсоси иҷтимоӣ ва масъ­улияти ахлоқиро надорад. Журналист ҳоло ҳам ҳақиқатро ҷустуҷӯ мекунад, масъаларо аз ҳар ҷиҳат таҳлил менамояд, дарди дили мардумро ҳис карда, масъулиятро бар дӯш мегирад.

Хабари ФЕЙК — хатари нав
Яке аз муаммоҳои ҷиддии истифодаи зеҳни сунъӣ паҳншавии хабарҳои фейк аст. Имрӯз шоҳиди он мешавем, ки бо ёрии технология метавон видеову овоз ва ҳатто чеҳраи одамро офарид. Ин албатта, дар навбати аввал ба ВАО таъсир мерасонад.
Фейкҳо одатан хабарҳои дурӯғе мебошанд, ки бо мақсадҳои ҷиддии иҷтимоӣ ва сиёсӣ ё барои ба даст овардани манфиати молиявӣ паҳн карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат масъулияти журналист боз ҳам бештар мешавад: хабарро хуб санҷида, баъд нашр намояд. Зеро агар нашрия ба паҳнкунандаи хабари дурӯғ табдил ёбад, он дигар минбари боваринок шуда наметавонад. Аз ин рӯ, журналист бояд зираку ҳушёр шуда, хабарҳои фейкро аз ҳақиқат ҷудо карда тавонад.
Ҳамин тариқ, дар шароити нав журналист на танҳо дониши техникӣ, балки меъёрҳои ахлоқиро низ бояд ҳифз намояд. Истифодаи зеҳни сунъӣ бояд ба манфиати ҷомеа равона шавад, на ба фиреб ва таъсиргузории бардурӯғ. Дар он вақт зеҳни сунъӣ кӯмакрасони журналист мешавад.

Таҳрир бо иштироки зеҳни сунъӣ
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки зеҳни сунъӣ хатоҳои имлоӣ ва грамматикиро ислоҳ, услуб ва ҷумлабандии матнро беҳтар мекунад, инчунин, метавонад матнро кӯтоҳ, фаҳмотар ё ҷамъбаст кунад, аммо масъулияти иҷтимоӣ ва ҳуқуқиро ба дӯш намегирад, нозукиҳои фарҳангиву ҳиссиёт ва ҳақиқатро мисли журналист дарк ва ҷустуҷӯ намекунад.
Масалан хабари зеринро барои таҳрир ба Чатботи ChatGPT, ки аз ҷониби ширкати амрикоии OpenAI таҳия шудааст фармоиш додем, ки таҳрир намояд

Интихобот дар ноҳияи Ургут
«Ба қарибӣ ҷамъомади комиссияи интихоботии ҳудудии ҷумҳурият баргузор гардид. Раиси комиссия О. Тошниёзов ба маҷлис сарварӣ кард. Иштирокчиёни он аввал иҷрои нақшаи кории комиссияро барои соли 2025, ҳисоботро дар бораи интихоботи депутатҳои Шӯроҳои маҳаллӣ ба ҷойҳои холишуда дар Шӯрои намояндагони халқи шаҳрҳои Ҷомбой, Нуробод, Пахтачӣ, Пайариқ, Тайлоқ, Ургут ва Нарпайро шуниданд.
Инчунин, нақшаи фаъолияти комиссияи интихоботии ҳудудии шаҳрро барои соли 2026 тасдиқ карданд.

Бар асоси қарори Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 13‑уми январи соли равон «Дар бораи таъин намудани интихоботи депутатии холимонда» 15‑уми феврали соли равон ба Шӯрои вилоят ба ҷои депутатии холимонда дар ноҳияи Ургут дар ҳавзаи интихоботии Ҷозмон‑58 гузаронидани интихобот муайян гардидааст.
Дар ҷамъомад барои дар ҳавзаи мазкур бар асоси талаботи Кодекси интихобот ташкил ва гузаронидани интихобот чорабиниҳо муайян гардиданд.»
«Албатта. Дар поён таҳрири мукаммали забонӣ ва услубӣ пешниҳод мешавад. Мазмун пурра нигоҳ дошта шуда, номувофиқӣ ва такрорҳо ислоҳ гардиданд: ChatGPT

Интихобот дар ноҳияи Ургут
Ба наздикӣ ҷаласаи комиссияи интихоботии ҳудудии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Ба ҷаласа раиси комиссия О. Тошниёзов роҳбарӣ намуд. Иштирокчиён нахуст иҷрои нақшаи кории комиссияро барои соли 2025 ва ҳисобот оид ба интихоботи депутатҳо ба ҷойҳои холишудаи Шӯроҳои намояндагони халқи шаҳрҳои Ҷомбой, Нуробод, Пахтачӣ, Пайариқ, Тайлоқ, Ургут ва Нарпай мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, нақшаи фаъолияти комиссияи интихоботии ҳудудии шаҳр барои соли 2026 тасдиқ карда шуд.

Тибқи қарори Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 13-уми январи соли ҷорӣ «Дар бораи таъин намудани интихоботи депутатии холимонда», баргузории интихобот ба Шӯрои вилоят ба ҷойи депутатии холимонда дар ноҳияи Ургут, дар ҳавзаи интихоботии Ҷозмон‑58, барои 15-уми феврали соли ҷорӣ таъин гардидааст.

Хулоса карда гӯем, зеҳни сунъӣ дар таҳрир кӯмак мерасонад, вале ҳамчун муҳаррир таҳрир нахоҳад кард. Таҳрири ниҳоӣ, арзёбии мазмун ва масъулият ҳамеша ба зиммаи инсон мемонад.

Оянда дар ҳамкорист
Ояндаи журналистика зиддият бо зеҳни сунъӣ нест, балки дар ҳамкории оқилона мебошад. Технология восита, инсон бошад роҳнамо аст. Агар журналист аз зеҳни сунъӣ дуруст истифода барад, воситаи ахбор қавитар, боэътимодтар ва таъсиргузортар мегардад.
Бояд гуфт, ки зеҳни сунъӣ касби рӯзноманигориро тағйир медиҳад, вале аҳамияти онро кам намекунад. Баръакс, дар замоне, ки иттилоот зиёд аст, нақши журналист дар ҷамъият боз ҳам мустаҳкам ва аз ӯ зиракиву дурандешӣ ва ҳақиқатбинӣ талаб карда мешавад.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА