4 нафар барои харидани хона дар Самарқанд бо як ширкати сохтмон шартнома баста, пули аввалро додаанд. Хона бошад, дар вақташ супурда нашудааст. Муроҷиатномаҳое, ки оид ба баргардонидани пул ба корхона карда шудаанд, беэътибор гузошта шудаанд.
Кумитаи рушди рақобат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби ҳукумати вилояти Самарқанд ин истеъмолкунандагонро мавриди омӯзиш қарор дода, ҳолатро ба таври мусбӣ ҳал намуд.
Бино ба маълумоти сармутахассиси ин раёсат Шерзод Салоҳиддинов, шаҳрвандон барои харидории манзил бо ҶММ «А.Б» шартнома бастаанд. Онҳо маблағро дар асоси саҳми аввалия ва пардохти тасдиқшуда пардохт кардаанд. Аз сабаби он, ки вазъи мавҷуда ба шартҳои шартнома мувофиқ набуда, яъне хонаҳо дар мӯҳлатҳои муқарраршуда супурда нашудаанд, шаҳрвандон барои бекор кардани шартнома ба ҶММ «А.Б» муроҷиат кардаанд. Аммо, чи тавре ки дар боло гуфта шуд, муроҷиати онҳо ягон натиҷае надодааст.
Дар натиҷаи таҳқиқот вазъи кунунӣ аз ҷониби мақомоти вилоят пурра таҳлил гардида, шартномаҳои аз ҷониби шаҳрвандон оид ба хариди хонаҳои бисёрошёна басташуда бекор карда шуда, дар маҷмӯъ 532 миллиону 685 ҳазор сӯме, ки ба ба ҶММ «А.Б» пардохт карда шуда буд, ба истеъмолчиён баргардонида шуд.
