Ҳайъати вакилони Ӯзбекистон бо сарварии ҷонишини якуми Раиси Сенати Маҷлиси Олӣ Содиқ Сафоев дар саммити 17-уми БРИКС, ки дар шаҳри Рио-де- Жанейрои Бразилия баргузор шуд, иштирок намуданд.
Дар форуми мазкур вакилони 38 мамлакати ҷаҳон ва ташкилоҳои байналхалқӣ ширкат варзиданд.
Дар доираи саммит масъалаҳои амиқтар кардани ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоритӣ, мубориза бар зидди тағйирёбии иқлим ва маблағгузории он, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ барои таъмин намудани осоиштагӣ ва бехатарӣ, ривоҷ додани интеллекти сунъӣ ва интегратсияи сохтори тандурустӣ муҳокима шуданд.
Ҳайъати вакилони Ӯзбекистон ба иштирокчиёни анҷуман оиди ислоҳотҳои куллие, ки дар мамлакатамон ба амал меояд, аз ҷумла модернизатсия кардани иқтисодиёт, такмили сохтори таълим ва тандурустӣ, кам кардани камбизоатӣ, инчунин ривоҷ додани транформатсия ва иқтисодиёти «сабз» маълумот доданд.
Дар охири саммит декларатсия қабул шуд ва мувофиқи он Ӯзбекистон ҳамкори БРИКС гардид.
Қайд кардан лозим аст, ки БРИКС иттиҳодияи байналхалқӣ буда, он иттифоқи мамлакатҳои Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Хитой, Африкаи Ҷанубӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Миср ва Эфиопия ба ҳисоб меравад.
