Ovozi.uz

МАҚСАДИ АСОСИИ МО – ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАХИРАҲОИ ТАБИӢ, ЗАМИН ВА ОБ

Масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, замин, об, сарватҳои зеризаминӣ, суръат бахшидан ба ислоҳотҳо дар соҳаи истифодаи самараноки олами набототу ҳайвонот, таъмини бехатарии озуқаворӣ асоси амнияти экологӣ ба ҳисобида шуда, барои ҳалли масъалаҳои мазкур Ҳизби экологии Ӯзбекистон дар барномаи пешазинтихоботиаш мақсадҳои дақиқро дар назди худ ҳамчун вазифа гузоштааст.
Ҳизби мо шиори «Барои табиат муттаҳид шавем»-ро тарғиб намуда, дар бобати ба вуҷуд овардани шароити мусоиди муҳити зист барои насли имрӯзаву оянда ва ба амал баровардани сиёсати давлатӣ, ки ба ҳифзи захираҳои табиӣ нигаронида шудааст, таклифҳои возеҳу амалӣ ба миён мегузорад.
Идоракунии захираҳои об: ғояҳои ҳалкунанда барои расидан ба мақсад ва қадамҳои амалӣ
Тибқи таҳлилҳои Бонки Ҷаҳонӣ, то соли 2050 талабот ба об дар Ӯзбекистон аз 59 километри мукааб ба 62–63 километри мукааб афзоиш ёфта, захираҳои мавҷудаи об ба дараҷаи назаррас кам мешаванд. Дар чунин вазъият танҳо оқилона истифода бурдани об ва сарфакорӣ кифоя нест.
Ба фикри мутахассисон, ду дарёи бузург — Амударё ва Сирдарё, ки манбаи асосии захираҳои оби кишварамон мебошад, эҳтимоли ба 15 дарсад кам шуданро дорад. Дар ин сурат пешбинӣ карда шудааст, ки дар тамоми Осиёи Марказӣ дараҷаи бо об таъмин кардани ҳар сари аҳолӣ 25 дарсад ва ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қишлоқ 40 дарсад кам мешавад.
Дар барномаи пешазинтихоботии ҳизби мо як қатор ислоҳоти ташкилӣ-­ҳуқуқии ба истифодаи оқилонаи захираҳои об нигаронидашуда пешнидод гардидааст. Аз ҷумла, чораҳои бунёди ҳавзаҳои нави об ва рушди системаҳои ирригатсионӣ барои идоракунии устувори об пешниҳод шудаанд.
Пешниҳоди мо оид ба таҳияи барномаи истифодаи самараноки оби борон, ҷорӣ намудани тартиби ҷамъоварии оби борон дар хонаҳо, бино ва иншооти масоҳати сохтмони зиёда аз 500 метри мураббаъ аз соли 2025, механизмҳои рағбатнок кардани давлат барои истифодаи оби борон ва ҷорӣ намудани тамоюлҳои шарикии давлатӣ ва хусусӣ аҳамияти калон дошта, дар амалиёти давлатҳои хориҷӣ низ самаранок истифода бурдани оби борон ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳудудҳо ташкил намудани бо истифода аз оби борон бунёд намудани майдонҳо ва боғҳои хурди сабз ва ҷорӣ намудани системаи ҳавасмандгардонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо дастгоҳҳои ҷамъоварӣ ва истифодаи оби борон дар мавзеҳои истиқоматӣ ва хоҷагиҳои шахсӣ муҷаҳҳаз шудаанд ва истифодаи он дар мамлакат шумораи «майдонҳои сабз»-ро барои зиёд кардан, барои барқарор нигоҳ доштани онҳо хизмат мекунад.
Инчунин андешидани тадбирҳо оид ба тоза ва дубора истифода бурдан (re-use)-и обҳои пасмонда ва партовҳои дар соҳаи кишоварзӣ, саноат ва маишӣ истифодашаванда самаранокии истифодаи обро баланд бардошта, сарфи бефосилаи обро пешгирӣ мекунад. Ҳизб дар асоси тадқиқоти гидрогеологӣ истифодаи босамари обҳои зеризаминиро ба роҳ монда, такмили деҳқонии лалмиро яке аз тадбирҳои муҳими бо озуқаворӣ таъмин намудани аҳолӣ дар кишвар мешуморад.
Бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои об дар манзилҳои истиқоматии бисёрошёнаи навбунёд бо қубурҳои алоҳида-­алоҳида ташкил кардани интиқоли об барои нӯшидан ва истифодаи хоҷагӣ, бобати истифодаи оқилонаи мардум аз оби барои нӯшиданӣ ва обёрӣ пешбинишуда, инчунин, ташкили баҳисобгирии захираҳои об муҳим ба ҳисоб меравад.
Чораҳои ҳифзи захираҳои замин ва мубориза бар зидди биёбоншавӣ
Ҳизби экологии Ӯзбекистон таъкид менамояд, ки истифодаи самараноки заминҳои обёришаванда дар соҳаи кишоварзии кишвар, истифодаи дубораи заминҳои бекорхобида дар истифодаи самараноки захираҳои замин муҳим аст. Аз ин рӯ дар омода кардани замин барои кишти зироатҳои кишоварзӣ технологияҳои инноватсионии «No-­TiLL» (коркарди минималии замин), ки захираву энергия сарфакунанда, аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, васеъ ҷорӣ кардаро пешниҳод мекунад.
Мувофиқи ҳисоби мутахассисон 70 дарсади ҳудуди ҷумҳуриамон, ё худ 31,4 миллион гектарро майдонҳои хушку нимхушк ташкил медиҳанд, ки дар натиҷаи шӯрзаминҳои табиӣ, регзорҳо, тӯфонҳои чангу ғубор ва паҳншавии гармо зарар дидаанд. Қариб 10 миллион гектар чарогоҳҳо мӯҳтоҷи ба куллӣ беҳтар кардан аст.
Сарфи назар аз чораҳои баланд бардоштани ҳосилхезии замин, ки нишондиҳандаи муҳимми сифати хок дар мамлакати мо мебошад, ҳосилхезии замин сол то сол паст шуда истодааст. Аз ҷумла, ҳосилхезии миёнаи хок дар ҷумҳурӣ дар соли 1991 58 баллро нишон дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2001 55 балл ва дар соли 2021 53,7 баллро ташкил додааст.
Ҳифзи ҳавои атмосфера яке аз муаммоҳои глобалии имрӯза
Дар барномаи пешазинтихоботии худ Ҳизби экологии Ӯзбекистон бо мақсади ҳифзи ҳавои атмосфера, пешгирӣ аз нобудшавии қабати озон, бароварда шудани беш аз меъёри газҳои гармхона ва дар ин бобат бо мақсади механизмҳои ташкилию ҳуқуқиро дақиқ муайян кардан, ташаббуси дар асоси стандартҳои замонавии байналмилалӣ ва дар таҳрири нав қонун «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» таҳия карданро ба пеш мегузорад. Дар он қайд кардани асосҳои қонунии бекор кардани имтиёзҳое, ки боиси ифлосшавии ҳавои атмосфера мегарданд, пешбинӣ карда мешавад.
Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, нӯҳ нафар аз ҳар даҳ нафар одами ҷаҳон аз ҳавои ифлос нафас мегиранд. Дар натиҷаи ифлосшавии аз ҳад зиёди ҳаво ҳар сол 7 миллион нафар ҳалок мешаванд. Аз рӯи ин нишондиҳанда, аз ҷумла, мамлакатҳои Осиё ва Африка ҷои баландро ишғол мекунанд.
Тибқи хулосаи олимони эколог, рафъи омилҳое, ки боиси ифлосшавии ҳавои атмосфера мегарданд, пеш аз ҳама бунёди «боғи сабз» ва «камарбанди сабз» ва рағбатноксозии истифодаи намудҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи нақлиёт, баланд бардоштани ҷолибияти нақлиёти ҷамъиятиро талаб мекунад. Ғайр аз ин, ба сифати сӯзишворӣ диққат додан, аз сӯзишвории анъанавии карбогидридӣ ба навъҳои алтернативии сӯзишворӣ гузаштан, тадбирҳои васеъ ҷорӣ намудани энергетикаи «сабз»-­ро ба амал баровардан лозим аст.
Дарахтон дар вақти гармии ҳаво ба атмосфера миқдори зиёди буғи об бароварда, намии ҳаворо рӯзона ба 20–30 дарсад зиёд мекунад, ҳароратро бошад ба якчанд дараҷа паст мекунад.
Барои ҳамин ҳам ҳизби мо тартиби бекор кардани ҳуқуқи соҳибкорон ба заминро дар ҳоле, ки барои сохтмон дарахтонро ғайриқонунӣ мебуранд, пешниҳод мекунад.
Ташаббуси манъи фурӯш ва воридоти мошинҳои сабукрав бо муҳаррикҳои дарунсӯз аз соли 2030 ба фароҳам овардани шароити бароҳат, ки барои ҳифзи саломатии аҳолии мо ва рушди саноати истеҳсоли васоити нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза дар мамлакат, ҷойҳои иловагии корӣ ба вуҷуд овардан ва зиёд кардани даромади аҳолӣ хизмат мекунанд.
Инчунин, мақсадҳои ҳизб роҷеъ ба татбиқи супоришҳои барномавӣ оид ба 2 баробар кам кардани ҳаҷми газҳои зараровар ба атмосфера, зиёд намудани пардохтҳои компенсатсия барои партови моддаҳои ифлоскунандаи зиёдатӣ то 10 баробар, ки ба таъмини тозагии атмосфера хизмат мекунад, барои имрӯз аҳамияти калон дорад.
Ҳамзамон, дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб таҳияи харитаҳои минтақаҳои дорои хатари тӯфони регу намак, ноил шудан ба бунёди боғҳои ҷангал ва рӯйпӯшҳои сабз дар ин ҷойҳо дар асоси барномаҳои давлатӣ, навсозии иншоотҳои тозакунандаи оби партов ва сохтани иншоотҳои нав, корхонаҳое, ки иншоотҳои маҳаллии тозакунандаи оби партов надоранд, ҷорӣ намудани тартиби қатъ намудани фаъолият то ҷорӣ намудани технологияи ба талаботи экологӣ мувофиқ ба пешгирӣ ва бартараф намудани муаммоҳои ифлосшавии муҳити зист хизмат мекунад.
Муносибатҳои креативӣ ба ҳифзи захираҳои биологӣ
Бо мақсади таъминсозии боэътимоди ҳифзи гуногунии нодири ба худ хоси биологии мамлакатамон, пешниҳодҳои муҳими Ҳизби экологии Ӯзбекистон дар бораи эълони мораторияи бемуддат ба истифодаи растаниҳои ба Китоби Сурхи Ӯзбекистон дохилшуда ва шикори ҳайвоноти ваҳширо эътироф намудан мумкин аст.
Дар мамлакатамон қариб 15 ҳазор намуди наботот ва 11 ҳазор намуди ҳайвонот мавҷуд буда, ба Китоби Сурхи Ӯзбекистон 206 намуди ҳайвоноти нодир ва 314 намуди растаниҳои ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта дохил карда шудаанд. Қобили зикр аст, ки солҳои охир барои истифодаи махсус аз объектҳои дунёи наботот ва ҳайвонот миқдори квота вобаста ба талабот ва эҳтиёҷот зиёд мешавад.
Ҳизб бо назардошти афзоиши ҳодисаҳои осебрасонӣ ва хушк шудани дарахту буттаҳои кӯҳна дар натиҷаи ба ҷои дигар кӯчонидани онҳо, манъи кӯчонидани дарахтони аз 10‑сола боло, инчунин бо қонун манъ намудани хушконидани заминҳои дарахтзорро, бо мақсади бинокорӣ реализатсия намудани он ташаббус ба миён мегузорад.
Агроэкосохтори барқарор: омили муҳими таъмини бехавфии озуқаворӣ
Ҳизб бо назардошти кам шудани захираҳои замину оби ҷаҳон, зиёд шудани норасоии захираҳои озуқаворӣ, зарурати гузаштан ба стандартҳои байналхалқии истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷударо ба назар гирифта, доир ба Барномаи таъмини бехатарии озуқаворӣ вазифаҳои дақиқи интихоботро ба миён мегузорад. Аз ҷумла, ташаббусҳо оид ба таъмини дақиқ дар бораи миқдори маҳсулоти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта (ГМО) дар тамғаҳои маҳсулот ва дастгирии тиҷорати хурду миёна, ки маҳсулоти органикӣ истеҳсол мекунанд, қобили таваҷҷӯҳ аст.
Танзими ҳуқуқи ба таври возеҳ нишон додани миқдори маҳсулоти ГМО дар тамғаҳои маҳсулот ба истеҳсолкунандагони ба қайд гирифташуда тавассути системаи ихтиёрии сертификатикунонӣ, пеш аз ҳама, ҳангоми таъмини бехатарии истеъмолкунандагон, ба истеҳсолкунанда имкон медиҳад, ки бозори савдоро васеъ намояд.
Ҳизби экологии Ӯзбекистон бо барномаи пешазинтихоботии худ дар роҳи рушди устувори кишвар барои ба вуҷуд овардани муҳити атрофи мусоид, гузаштан ба иқтисодиёти бехавф ва самараноки сабз, ғояи барпо намудани ҷамъияти барқарори ҳамоҳангсозандаи устувори инсон ва табиатро барои насли имрӯз ва оянда пешниҳод мекунад.

Наврӯзбек ЮСУПОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
Ноиба ИНОЯТОВА,
номзад ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.