Ovozi.uz

Байни музофоти Чхунчхон-пукто ва вилояти Самарқанд созишномаи дӯстӣ ба имзо расид

Роҳбари вилоят зимни сафараш ба Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ бо губернатори вилояти Чхунчхон-пукто Ким Ён Хван ва ҷонишини ӯ мулоқотҳои пӯшида баргузор намуд.

Зимни он дар бораи таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ миёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ ва имконоти нав табодули афкор намуданд. Махсусан зикр гардид, ки ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишвар низ таҳким меёбад. Ҷонибҳо дар бораи иқтидори иҷтимоӣ-иқтисодӣ, илмию зеҳнӣ ва захираҳои минтақаи худ маълумоти муфассал доданд.

Роҳбари вилоят А.Бобоев доир ба иқтидори иқтисодии вилояти Самарқанд, мавқеъи ҷуғрофии он, бартариҳои он дар соҳаи сайёҳӣ, тарғиби мероси фарҳангӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ, инчунин имкони истифодаи муштарак аз имкониятҳои васеъ, ки то ҳол истифода нашудаанд, ибрози андеша намуд.

Аз ҷумла, пешниҳодҳо оид ба роҳандозии истеҳсоли батареяҳо барои электромобилҳо, маҳсулоти электротехникӣ ва филтрҳои саноатӣ дар Самарқанд, татбиқи лоиҳаҳои “Smart Farm” — “фермаи боҳуш”, ҳамкорӣ бо клиникаҳои Корея дар доираи лоиҳаи “Osong Medical Innovation Foundation” ҷиҳати ҷорӣ кардани телемедитсина ва технологияҳои иттилоотии тиббӣ дар Самарқанд, инчунин баргузор намудани “Рӯзҳои сайёҳӣ ва фарҳанги Самарқанд” дар Чхунчхон-пукто ва “Рӯзҳои сайёҳӣ ва фарҳанги Чхунчхон-пукто” дар Самарқанд дар соли ҷорӣ баррасӣ гардиданд.

Губернатори музофоти Чхунчхон-пукто Ким Ён Хван аз роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳо миёни Чхунчхон-пукто ва вилояти Самарқанд изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои амалӣ намудани лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, электроника, электротехника, дорусозӣ, саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ изҳор дошт.

Дар вохӯрӣ созиш карда шуд, ки то 100 нафар ҷавонони Самарқанд дар як донишгоҳи вилояти Чхунчхон-пукто бо гранти давлатӣ таҳсил кунанд.

Дар хотимаи мулоқот байни музофоти Корея ва вилояти Самарқанд созишномаи дӯстӣ ба имзо расид.