Мулоқот миёни Дабири кулли Созмони ҷаҳонии рушди сайёҳии шаҳрҳо — сафири бренди сайёҳии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Корея Канг Да-юн ва иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят А. Бобоев баргузор гардид.
Сарвари вилоят ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ миёни Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ӯ қайд кард, ки мулоқот ба боз ҳам мустаҳкам шудани муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳоямон хизмат мекунад.
Намояндагони Кореяи Ҷанубӣ ислоҳоти солҳои охир дар кишвари мо дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ амалишударо баҳои баланд доданд. Канг Да-юн қайд кард, ки дар тӯли фаъолияти худ иқтидори бой ва нодири сайёҳии Ӯзбекистонро дар миқёси байналмилалӣ ба таври муассир тарғиб намуда, ба пешбурди фаъолонаи иқтидори сайёҳии Самарқанд дар бозори ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст.
Дар рафти вохӯрӣ намояндагони ҳокимияти вилояти Самарқанд оид ба лоиҳаҳо ва ташаббусҳое, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии рушди сайёҳии шаҳрҳо амалӣ мешаванд, табодули афкор намуданд.
