Ovozi.uz

Шуҳрати “Марги судхӯр”

Қадри эҷодиёти Садриддин Айнӣ бо гузашти замон бештар шуда, асрор ва амиқии онро ба таври васеътар ва амиқтар омӯхтан ва таҳлил кардан аҳамияти ба худ хос дорад. Устод Айнӣ ба чунин қобилияте соҳиб буд, ки танҳо якчанд олим ва ё нависандаҳои сермаҳсул метавонанд ба он расанд. Эҳтимол, асарҳои «Марги Судхӯр» ва «Ёддоштҳо» на танҳо номи як соҳибистеъдоди бузургро ба ҷаҳон муаррифӣ карданд, балки шуҳрати номи муаллифро ба шакли бадеӣ барои ҳамеша зинда нигоҳ медоранд.

Мероси илмии устод Айнӣ на танҳо аз назари адабиёт, таърих, педагогика ё адабиётшиносӣ, балки аз нуқтаи назари забоншиносӣ низ арзёбӣ дорад.

Тарҷумаи китоби «Марги судхӯр» ва «Ҷаллодони Бухоро» ба забони англисӣ

Асари “Марги Судхӯр” яке аз маъруфтарин ва таъсиргузортарин эҷоди адиби тоҷик устод Садриддин Айнӣ ба ҳисоб меравад. Бо таҳқиқоти амиқ ва тасвирҳои шодоб дар бораи ҳаёти иҷтимоии мардум, ин асар на танҳо дар адабиёти тоҷик, балки дар адабиёти ҷаҳонӣ ҳам ба маъруфият расидааст. Асар соли 1936 нашр шуда, дар муддати кӯтоҳ ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, немисӣ, фаонсавӣ, украинӣ, эстонӣ ва қирғизӣ тарҷима ва нашр шудааст. Ба наздикӣ асари мазкур аз тарафи профессор Абдусалом Маҳмадназаров ба забони англисӣ тарҷума шуд.

Тарҷумаи асарҳои адабӣ ба забонҳои хориҷӣ, хусусан ба забони англисӣ, яке аз роҳҳои асосии маъруфияти ҷаҳонии онҳоро таъмин мекунад. Ба хидмати адабиёт ва фарҳанг, тарҷумаи “Марги Судхӯр” ба забони англисӣ як марҳилаи муҳим дар паҳн кардани олами маънавӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ин тарҷума ба хонандагони англисзабон ва мардуми ҷаҳонӣ имконияти ошноӣ бо фарҳанги тоҷикон ва дунёи адабии устод Айнӣ медиҳад.

Тарҷумон барои ин асарро ба забони англисӣ баргардондан кӯшиш кардааст, ки шеваи махсуси мардуми тоҷик, рамзҳо ва арзишҳои миллӣ  ба забони англисӣ акси худро ёбанд. Аз ҷумла, ӯ мазмуни аслии асарро бо эҳтиром ва бо диққат тарҷума кардааст, то ки дар дунёи англисзабонон бо таври дуруст инъикос ёбанд.

Тарҷумаи “Марги Судхӯр” ба забони англисӣ имкониятро фароҳам овард, ки хонандагони ҷаҳон бо осори Садриддин Айнӣ ошно гарданд. Аз ин хотир, ин асар дар ҷаҳони англисӣ дар як муддати кӯтоҳ шӯҳрат ёфт, на танҳо барои шакли адабӣ ва ба назар аҷибаш, балки барои мазмуни амиқ ва мавзӯъҳое, ки дар он баррасӣ шудаанд.  Асар на танҳо ҳамчун як нишондиҳандаи фарҳанги тоҷикӣ, балки ҳамчун як корномаи адабӣ ва иҷтимоии бузург дар ҷаҳони муосир муҳим мебошад. Машҳуршавии “Марги Судхӯр” дар доираи ҷаҳони англисӣ як гувоҳи дигари иқтидори адабӣ ва фарҳангии Садриддин Айнӣ аст, ки ба адабиёти ҷаҳон таъсири амиқ гузоштааст.

Ҷ.Н. Мирзоев,
устоди Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд