Ovozi.uz

Дурнамои ҳамкорӣ бо ширкати Кореяи Ҷанубӣ «BMT SUPERLOK» баррасӣ шуд

Ҳайати вилояти Самарқанд бо сарварии иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев корхонаи «BMT SUPERLOK»-и шаҳри Пусани Кореяи Ҷанубӣ, ки «фитинг» ва «клапан» истеҳсол мекунад, ташриф овард.

Корхона соли 1988 бо мақсади коркарди металл ташкил карда шудааст. Зимни муаррифии ширкат ба намояндагони ҳайати Самарқанд иттилоъ дода шуд, ки «BMT SUPERLOK» шарики боэътимод дар соҳаи ҳалли саноатӣ буда, омода аст бо истеҳсолкунандагон ва ширкатҳои муҳандисии кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамкориҳо кунад.

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд А.Бобоев зиёд будани талаб ба таҷҳизоти корхонаро изҳор намуда, пешниҳод кард, ки дар натиҷаи иқдомоти мақсаднок дар вилояти Самарқанд низ корхонаи саноатӣ ифтитоҳ шавад.

Дар навбати худ, намояндагони ширкат таъкид намуданд, ки дар асоси пешниҳод ва лоиҳаи бодиққат таҳияшуда ва бо машварат анҷом додашуда корҳоро метавон ба анҷом расонид.

Роҳбарияти ширкати «BMT SUPERLOK» омодагии худро барои пешниҳоди маҳсулоти босифат ба муштариёни ӯзбекистонӣ изҳор дошт.