Ҳайати Самарқанд таҳти роҳбарии ҳокими вилоят Адиз Бобоев аввал аз Малайзия ва баъдан аз Индонезия дидан карда, барои роҳандозии ҳамкориҳои васеъ вохӯрӣ ва мулоқотҳои муҳим баргузор кард.
Нахуст намояндагони мо дар Куала-Лумпур бо мақомоти давлатӣ ва роҳбарони минтақа вохӯриҳои муҳим гузарониданд.
Аз ҷумла, дар суҳбат бо вазири сайёҳӣ, санъат ва фарҳанги Малайзия Дато Сри Тионг Кинг Синг ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки ҳамкориҳои судманди дуҷонибаро ба сатҳи нав баранд.
Дар бораи маҷмааи Имом Бухорӣ, ки ба наздикӣ дар Самарқанд аз нав сохта шудааст ва имкониятҳои васеъе, ки барои зоирон дар он ҷо фароҳам оварда шудаанд, маълумоти муфассал дода шуд ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои афзоиши ҷараёни сайёҳон ва рушди сайёҳии зиёрат баррасӣ шуд. Пешниҳодҳои мушаххас барои ҷалби сармоягузорӣ ба сайёҳӣ, рушди инфрасохтори замонавӣ, дастгирии ташаббусҳои муштарак ва баланд бардоштани робитаҳои фарҳангӣ ба сатҳи нав пешниҳод гардиданд.
Дар вохӯрӣ созиш карда шуд, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Самарқанд «Рӯзҳои фарҳангии Малайзия» ва моҳи сентябр дар Куала-Лумпур «Рӯзҳои фарҳангии Ӯзбекистон» баргузор шаванд.
Зимни сафар ба Индонезия роҳбари вилоят бо вазири корҳои динии ин мамлакат Насаруддин Умар мулоқот карда, дурнамои табдил додани Самарқанд ба маркази муҳим барои сайёҳон ва зоиронро баррасӣ намуд. Рушди сайёҳии зиёрат дар атрофи маҷмааи Имом Бухорӣ, такмили низоми нақлиёт ва логистика, густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ ва тадқиқотии ду кишвар ҳамчун вазифаҳои муҳим зикр гардиданд.
Насруддин Умар таъкид кард, ки мероси бойи таърихӣ ва маънавии Самарқанд на танҳо барои Ӯзбекистон, балки барои тамоми ҷаҳони ислом арзиши муштарак дорад ва изҳори боварӣ кард, ки зоирони индонезӣ таваҷҷуҳи худро ба ин макон боз ҳам афзоиш медиҳанд.
Дар мулоқоти байни роҳбари вилояти Самарқанд А.Бобоев ва вазири фарҳанги Индонезия Фадли Зон ба масъалаҳои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳои фарҳангӣ ва густариши иқтидори сайёҳӣ эътибор нигаронида шуд.
Аз ҷумла, ҷонибҳо ташаббуси татбиқи лоиҳаи бузурги медиавӣ — таҳияи филмҳо дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Шайх Мавлоно Малик Иброҳим ва аввалин президенти Индонезия Сукарноро баррасӣ карданд. Сукарно ҳамчун аввалин арбоби давлатии хориҷӣ, ки аз мақбараи Имом Бухорӣ зиёрат кард, ба таърих ворид шуд. Ин далели таърихӣ робитаҳои маънавӣ ва фарҳангии ду халқро нишон медиҳад.
Дар мулоқот дар бораи баргузории «Ҳафтаи фарҳанг» дар шаҳрҳои Самарқанд ва Ҷакарта низ созиш кардаанд.
А. Бобоев дар вохӯрӣ бо губернатори вилояти Яваи Шарқӣ Ҳофифа Индар масъалаҳои густариши ҳамкории ду минтақаро дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, фарҳанг, таълим ва сайёҳӣ муҳокима кард.Губернатор Ҳофифа Индар изҳор дошт, ки барқарор кардани робитаҳои наздик бо Самарқанд барои Яваи Шарқӣ афзалият дорад.
Ҷонибҳо сайёҳиро ҳамчун омили асосии ҳамкорӣ арзёбӣ карда, зарурати роҳандозии хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни минтақаҳоро таъкид карданд. Эълон карда шуд, ки чораҳои мувофиқ барои ташкили сафари ҳайати олимони Яваи Шарқӣ ба Ӯзбекистон дар ояндаи наздик андешида мешаванд.
Дар идомаи сафар намояндагони ҳайати вилоят дар «Форуми ҳамкории Ӯзбекистон — Индонезия» иштирок карданд ва ҳокими вилоят бо губернатори Ҷакарта Прамоно Анунг Вибово, роҳбари ширкати «PT Fin CenterIndo Satu», ноиби Ассамблеяи Маслиҳати халқи Ҷумҳурии Индонезия Аҳмад Музани ва ҷонишини ӯ Русди Кирана, инчунин ҷавонони ӯзбекистонӣ, ки дар Индонезия таҳсил мегиранд, мулоқот кард.
Хидмати ахбори ҳокимияти вилоят
