Ovozi.uz

«Фасли адолат» — дар саҳнаи Самарқанд

Имрӯзҳо дар саросари кишварамон чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ ва маърифатӣ вобаста ба 690-солагии таваллуди Амир Темур баргузор мешаванд.

Ҳунарпешаҳои Театри миллии драмаи академии Ӯзбекистон дар асоси асари шоири халқии Ӯзбекистон Усмон Азим намоишномаи «Фасли адолат»-ро, ки ба ин сана бахшида шудааст, саҳнагузорӣ карданд. Ин намоишнома дар Театри драмаи мусиқии вилоятии Самарқанд намоиш дода шуд.

Коргардони намоиш Бахтиёр Тӯраев буда, нақши асосӣ, яъне нақши Амир Темурро Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қароқалпоқистон Ёдгор Саъдиев, инчунин Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Ӯзбекистон Рустам Каримовҳо бозиданд.

— Дар саҳнаи театри Самарқанд, ки зодгоҳи ман аст, гузоштани ин намоиш барои ман ҳам ифтихор аст ва ҳам хушбахтӣ, — гуфт Б.Тӯраев. — Ҳамроҳи Ёдгорака Саъдиев барои саҳнагузории ин спектакл солҳои зиёд машаққат кашидем ва омодагӣ дидед. Ин гунаи мавзӯи калонро дар саҳнаи хурд ғунҷонда тавонистан, албатта, кори осон нест. Ғояи асар ҳам хеле баланд буда, ба воқеаҳо на бо нигоҳи воқеӣ, балки рамзӣ бояд нигарист.

«Фасли адолат» намоишномаи саҳнавиест, ки аз эпизоди хурди таъсирбахши ҳаёти Соҳибқирон иборат аст. Ғояи асосии намоишнома аз он иборат мебошад, ки фотеҳи бузург, ҳамчун шахсе, ки 28 давлатро муттаҳид кардааст, ба шарофати он ки ҳамеша адолатро меъёр медонист, як империяи бузургро таъсис дода тавонист.

— Дар Самарқанд иҷро намудани нақши шахсияти таърихӣ ҳузури хоса доштааст, — гуфт Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Ӯзбекистон ва Қароқалпоқистон Дилноза Кубаева. — Дар хоке, ки Ҳазрати Амир Темур зиндагӣ карда, шукуфоии онро таъмин намудааст ва аз худ маданияти бузург боқӣ гузоштааст, бояд ин гуна намоишҳоро бештар саҳнагузорӣ кард. Тамошобинон ба худи ороиши саҳна ташаккурҳои алоҳида гуфтанд. Ба фикри ман, чӣ тавре ки мо дар дохили нақши худ зиндагӣ кардем, тамошобин ҳам ҳамроҳи мо дар ин «олам» зиндагӣ кард.

Ҳ.СОДИҚОВ