Ovozi.uz

Айнӣ ва Самарқанд

15-уми апрел — рӯзи гиромидошти Садриддин Айнӣ

Садриддин Айнӣ ҳанӯз аз овони дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил карданаш бо чанде шарикдарсони самарқандияш шинос шуда, таърифи Самарқандро аз онҳо шунида, орзуи дидани Самарқанд мекард.

Ҳамин орзуи ӯ дар солҳои аввали асри ХХ амалӣ шуд. Вай бо ҳамроҳии дӯсташ Абдулвоҳиди Мунзим барои шинос шудан бо мактаби тозабунёди ҷадид-­маърифатпарвар Абдулқодир Шакурӣ ва шогирди ӯ Исматулло Раҳматуллозода ба Самарқанд меояд. Вай ҳангоми сафари худ бо пешвои ҷадидони Самарқанд Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ шинос мешавад. Ҳамин сафари нахустини Самарқанд ба Айнӣ таассуроти бузург мегузорад ва бо тақозои тақдир, сонитар қисми муайяни ҳаёти ӯ дар Самарқанд гузашта, аксар асарҳои бадеӣ ва илмии ӯ дар ҳамин шаҳр навишта мешаванд.

Дар ҳаёти мардуми Осиёи Миёна дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри ХХ дигаргуниҳои ҷиддӣ рух дод. Дар чунин шароити ботлоқи асримиёнагии феодализм ва чоризми Россияи подшоҳӣ дар ин ҷо ҳаракати ҷадидӣ — маърифатпарварӣ ба вуҷуд омад.

Дар Тошканд, Самарқанд, Бухоро ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна Мунаввар Қорӣ Абдурашидхонов, Абдулло Авлонӣ, Сайидаҳмад Сиддиқии Аҷзӣ, Абдулқодир Шакурӣ, Исматулло Раҳматуллозода, Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода, Саидризо Ализода, Садриддин Айнӣ, Абдулвоҳид Мунзим, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Вадуд Маҳмудӣ, Абдурауф Фитрат ва дигарон ҳамчун равшанфикрони пешқадами бедории миллӣ, ифодагарони мақсад ва вазифаҳои ҷадидони маърифатпарвар баромад карданд, ки пешвои онҳо Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ буд.

Ин рӯшанфикрон барои рушди маърифат ва фарҳанги мардум бо ҷидду ҷаҳди хоса ғайрат ва шуҷоат намуда, байни мардум ҳамчун ситораи саҳарӣ шуълаи маърифат афрӯхтанд.

Нахустин мақсади онҳо кушодани мактабҳои усули нав буда, мардумро аз ботлоқи ҷаҳолат бароварда, саводнок кардан ба шумор мерафт.

Садриддин Айнӣ дар қиссаи «Мактаби кӯҳна»-и худ оиди тарзи таълими қадим, ки дар мактабҳои пешина амал мекард, ҳамчун як шогирди чунин мактаб ҳақиқатнигорона тамоми хусусиятҳои манфури онро баён кардааст.

Бинобар ин, маърифатпарварони рӯшанфикр ривоҷи ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми ин ҷойро пеш аз ҳама дар саводнокӣ ва маърифати он дида, тарзи нави таълимро пеша намуданд.

Аз ҷумла, Абдулқодир Шакурӣ, ки то ин вақт бо усули қадим мактабдорӣ мекард, бо усули таълими маърифатпарварони Кавказ, Қрим, Тотористон ошно шуда, дар Раҷабамин ном деҳаи атрофи Самарқанд нахустин мактаби усули ҷадидиро кушод. Барои шинос шудан бо тарзи таълими ин мактаб аз шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна равшанфикрон — маърифатпарварон ташриф меоваранд. Аз ҷумла, Садриддин Айнӣ ва Абдурауф Фитрат низ аз Бухоро бо ин мақсад ба Самарқанд меоянд.

Садриддин Айнӣ баъди бо фармони амири Бухоро 75 дарра хӯрда, ба ҳолати ниҳоят бад афтоданаш, аввал ба Когон ва сонӣ ба Самарқанд меояд. Барои вай сарпаноҳ ёфтан душвор буд. Аз ин воқеа Абдулқодир Шакурӣ хабардор шуда, аз шогирд ва ҳамкораш Исматулло Раҳматуллозода хоҳиш менамояд, ки Айнии беморро дар хонааш ҷой дода, ба барқарор шудани саломатии вай кумак расонад. Исматулло Раҳматуллозода, ки чанд сол пештар аз ин, ҳангоми ба Самарқанд барои дидани мактаби онҳо омаданаш бо Айнӣ шинос шуда буд, ба ин кор розӣ мешавад.

Ҳамин тавр, Садриддин Айнӣ дар давоми солҳои 1917–1919 дар ин хонадон зиндагӣ карда, шифо меёбад.

Ӯ ба туфайли Исматулло Раҳматуллозода бо маърифатпарварони Самарқанд, аз ҷумла бо Беҳбудӣ аз наздик шинос мешавад.

Донишмандони маъруфи Самарқанд Воҳид Абдуллоев ва Ботур Валихоҷаев дар китоби «Нафаси асрҳо» ҳангоми дар бораи муҳити адабии Самарқанди асри ХХ сухан рондан, дар қатори шоирони маърифатпарвар Туғрал, Аҷзӣ, Васлӣ, Тамҳид, Ҳодӣ, Фикрӣ, Зеҳнӣ ва дигарон оиди ҳаёт ва фаъолияти ин давраи Садриддин Айнӣ низ таваққуф намуда, тӯли се сол дар хонаводаи Исматулло Раҳматуллозода умр ба сар бурда, шифо ёфтани ӯ, саҳмгузориаш дар таҳияи китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» низ маълумот додаанд. Ҳамин маълумотро Радий Фиш ва Раҳим Ҳошим низ дар китоби «Бо амри виҷдон» тасдиқ намудаанд.

Тадқиқотчии фаъолияти педагогии Садриддин Айнӣ, олими самарқандӣ Абдукарим Ғаниев дар китоби «Фаъолияти педагогии Айнӣ», дар бораи ҳамин давраи ҳаёти Айнӣ сухан ронда, аз ҷумла навиштааст:

«Назар ба гуфти Муаллими шоис­таи Ӯзбекистон А. Г. Леменевский, директори мактабе, ки маърифатпарвари маъруф Исматулло Раҳматуллозода дар гузари Қӯшҳавзи Самарқанд ташкил карда буд, Садриддин Айнӣ аз омӯзгорони нахустини ин мактабҳо мебошад. Вай дар ин мактаб аз забон ва адабиёти тоҷик, таърих ва суруд дарс медодааст».

Айнӣ дар ин вақт соҳиби маҳорати педагогӣ гардида, аз омӯзгорони соҳибтаҷриба ҳисобида мешудааст. Аз шогирдони дар ҳамин мактаб таҳсилгирифта Раҳим Ҳошим устодии Садриддин Айниро ба хотир оварда навиштааст: «Устод ҳамеша дар байни донишомӯзон буд. Берун аз дарс ба мо ҳикоятҳои завқовар гуфта медод. Мо ҳамеша мунтазири омадани ӯ будем».

Исматулло Раҳматуллозода, ки барои мактабҳои худ омӯзгорони хубро интихоб мекард, Садриддин Айниро дар қатори устодони беҳтарин донистааст.

Садриддин Айнӣ дар Муроҷиатнома (ариза)-и 5‑уми марти соли 1919 ба унвони Садорати корҳои дохилии вилояти Самарқанд навиштааш дар ин маҳалла се сол боз зиндагӣ карданаш, аҳли маҳалла ӯро ҳамчун сокини ин ҷой дониста, барояш манзил доданашон ва барои ин миннатдор буданаш, мусулмони 42‑сола, муаллими соҳиби маълумоти мадраса буданаш, ҳеҷ хел молу мулк ва ҳеҷ ҷиноят ҳам надоштанаш, ба маҳкама кашида нашуданашро баён карда, ба шаҳрвандии маҳаллаи Сӯфӣ Розиқи шаҳри Самарқанд қабул карданашонро мепурсад.

Лекин дар ин бора на дар тарҷимаи ҳоли адиб ва на дар очеркҳои таърихӣ-­биографии доир ба ҳаёт ва фаъолияти устод навишташуда маълумоте ба назар намерасад.

Шояд ин талаботи воқеаҳои ҳузнангези давру замон бошад, ки сарнавишти Исматулло Раҳматуллоев низ аз он берун набуд.

Танҳо дар китоб-­албоми ба шарафи 100‑солагии устод аз ҷониби фарзанди некноми адиб, адабиётшиноси маъруф Камол Айнӣ таҳияшуда як сурати дар ҳамин давра аккосӣ шудаи Исматулло Раҳматуллозода ҷой дода шудаасту халос. (Книга жизни Садриддина Айни, Душанбе, Издательство «Ирфон», 1978, с. 121)

Дар солҳои аввали баъди Инқилоби Октябр дар маҳаллаи Қӯшҳавзи Самарқанд, ки ба маҳаллаи Сӯфӣ Розиқ ҳамсоя мебошад, мактаби нав кушода шуда, ба он аз ҷониби бунёдгузори ин мактаб Исматулло Раҳматуллозода ба вазифаи муаллимӣ таъин кардани устод Айнӣ низ далели тасдиқи гуфтаҳои болоӣ мебошад.

Назар ба маълумоте, ки маърифатпарвар Исматулло Раҳматуллозода баъди аз ҳабсу бадарғаи истинтоқи соли 1937 баргаштан, соли 1961 навиштааст, Садриддин Айнӣ соли 1920 ба хоҳари маърифатпарвари ҷадид Вадуд Маҳмудӣ хонадор шуда, дар деҳаи Раҷабамин хонадомод шуда зиндагӣ мекунад. Баъд бо ёрдами Исматулло Раҳматуллозода аз шаҳр ҳавлӣ харида, кӯчида мебарояд.

Маърифатпарварони давр Абдулқодир Шакурӣ, Исматулло Раҳматуллозода, Саидризо Ализода, Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода, Садриддин Айнӣ, Абдулвоҳид Мунзим ва дигарон дар китобҳои дарсии худ, аз қабили «Раҳнамои савод», «Сарфу наҳви забони тоҷикӣ» ва ғайра, ки барои мактабҳои усули нави ҳамон давр навишта шудаанд, пайваста бо омӯхтани алифбои арабиасоси форсӣ‑­тоҷикӣ ба имлои забони тоҷикӣ, талаффузи калимаҳои шевагию адабӣ ва ғайра эътибори махсус додаанд.

Шуҳрати ин мактаб ба зудӣ ба ҳар тарафи Туркистон паҳн шуда, барои дидан ва таҷриба омӯхтан аз Хуҷанду Қӯқанд, Тошканду Бухоро равшанфик­рон ба ин ҷой ташриф меоварданд. Аз ҷумла, аз Бухоро Садриддин Айнӣ ва Абдулвоҳид Мунзим, ки унсурҳои бедории миллӣ дар онҳо низ пайдо шуда буд, ба Самарқанд омаданд. Онҳо бо тарзи мактабдории Шакурӣ ва шогирди нахустини ӯ Исматулло Раҳматуллозода, ки ба паҳлуи устодаш даромада муаллимӣ мекард, шинос шуданд. Онҳо, инчунин дар ин сафари худ бо сарвари маърифатпарварони ҷадид Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ шинос шуда, аз суҳбаташ баҳраманд гардиданд. Дар ин кор ба онҳо Исматулло Раҳматуллозода раҳнамоӣ кард.

Пас, чунин бармеояд, ки дар ташаккули афкори маърифатпарварии устод Айнӣ муҳити Самарқанд хеле барвақт таъсир расонида будааст.

Дар кори ба майдони публисистика даромадани Садриддин Айнӣ низ хидмати маърифатпарварони Самарқанд ва матбуоти онҳо мақоми арзанда дорад. Аз ҷумла, ӯ яке аз фаъолони рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Зарафшон», маҷаллаҳои «Шуълаи инқилоб» ва «Машраб» буда, дар ин нашрияҳо бо адиб ва публисистони маъруфи давр Саидризо Ализода ва Ҳоҷӣ Муин Шукруллозода пайваста қаламронӣ мекард. Садриддин Айнӣ яке аз асосгузорон ва муаллифони аввалини рӯзномаи «Овози тоҷик» низ мебошад.

Аксар мактубҳои Айнӣ низ аз Самарқанд навишта шуда, мактубҳо ба унвони ӯ низ ба Самарқанд омадаанд.

Ҳар сол 15‑уми апрел зодрӯзи Айнӣ ҳамчун як иди адабиёт ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар Осорхонаи устод Айнӣ дар Самарқанд аҳли илму адаб ва мухлисони эҷодиёти Айнӣ ҷамъ омада, поси хотири устодро ба ҷо меоранд.

Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
профессори Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд,

корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон