Ovozi.uz

Нияти ман ин аст, ки ҳар як ҷавонписару ҷавондухтар чунин имконият дошта бошад ва дар зиндагӣ мавқеи сазовори худро пайдо кунад — Шавкат Мирзиёев

Ҳоло Раҳбари давлатамон бо ҷавонон мулоқот баргузор мекунад.

Президент Шавкат Мирзиёев тамоми ҷавонони кишварамонро бо иди ҷавонон самимона табрик гуфт.

«Формулаи имрӯзаи муваффақият, пояи мустаҳками рушди фардо бар се рукни муҳимтарин асос ёфтааст. Инҳо дониш, касб ва технология мебошанд!

Нияти ман ин аст, ки ҳар як ҷавонписару ҷавондухтар чунин имконият дошта бошад ва дар зиндагӣ мавқеи сазовори худро пайдо кунад», — гуфт Президентамон.

Аз ин рӯ, «Экосистемаи донишҳои оянда» ба кор андохта мешавад, ки ҳар сол 500 ҳазор ҷавонписар ва ҷавондухтар касбҳои муосирро соҳиб мешаванд.

Дар минтақаҳои мо писарону духтароне, ки мегӯянд: «Ман маркази омӯзишӣ месозам ва ба ҷавонон касбу забон меомӯзам», бештар мешаванд. Акнун, барои ин мақсадҳо, замин ва иншооти давлатӣ бо нархҳои имтиёзнок ба ауксион гузошта мешаванд.

Ҷавонон қарзро дар тӯли панҷ сол бефоиз пардохт мекунанд. Дар ҳолати зарурӣ, давлат инфрасохтор фароҳам меорад.

7 фоизи меъёри кредит барои сохтмон ва таҷҳизоти маркази таълимӣ ҷуброн карда мешавад.

Агар ҷавонон барномаҳои пешрафтаи омӯзишии хориҷӣ ва омӯзгоронро ба марказҳои таълимӣ биёранд, давлат омода аст нисфи ин хароҷотро пардохт кунад.