Кормандони полис қаиқеро, ки муддати тӯлонӣ дар як ҷо лангар партофта меистод, мушоҳида карда, гумон карданд, ки шояд дар дохили он ҷинояте рух дода бошад ва ба тафтиши он қарор доданд.
Дар наздикии шаҳри Такомаи иёлати Вашингтон кормандони полис қаиқи бодбониеро мушоҳида карданд, ки чанд рӯз боз дар лангар қарор дошт. Дарозии қаиқ тақрибан 12 метр будааст.
Бо гумони он ки шояд дар дохили қаиқ ҷинояте содир шуда бошад, афсарон қарор кардаанд онро тафтиш кунанд. Ҳангоми тафтиш онҳо дар дохили қаиқ 60 гурба пайдо карданд.
Ба гуфтаи полис, аксари ҳайвонҳо тарсида ва хеле лоғар буданд. Муфаттишон бар ин назаранд, ки ин ҳолат метавонад ба ҷамъоварии аз ҳад зиёди ҳайвоноти хонагӣ рабт дошта бошад. Дар чунин ҳолат баъзе одамон шумораи зиёди ҳайвонотро нигоҳ медоранд, дар ҳоле ки барои нигоҳубин ва фароҳам кардани шароити муносиб барои онҳо имконият надоранд.
Гуфта мешавад, ки дар шаҳри Такома нигоҳ доштани беш аз шаш ҳайвон дар як манзил иҷозат дода намешавад. Азбаски қаиқ моликияти хусусӣ буд, Департаменти ҳифзи ҳайвонот пеш аз берун овардани гурбаҳо аз додгоҳ иҷозаи кофтуков гирифтааст.
Пас аз ин, фаъолони ҳифзи ҳуқуқи ҳайвонот ҳамроҳ бо полис қаиқро тафтиш карданд. Ҳамаи гурбаҳо аз қаиқ берун оварда шуда, ба паноҳгоҳи ҳайвонот супурда шуданд.
Айни замон тафтишот идома дорад. Шахсияти соҳиби қаиқ муайян шудааст, аммо муфаттишон то ҳол натавонистаанд бо ӯ тамос гиранд. Полис таҳқиқ мекунад, ки ӯ гурбаҳоро чӣ гуна ва бо кадом сабаб дар дохили қаиқ нигоҳ медоштааст.
