Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ муқаррар намуд, ки чорабиниҳои «Занги охир»-и соли хониши 2025-2026-и мактабҳои миёна таҳти ин шиор ташкил карда шаванд.
Барои пурмазмун ва мураттаб гузаронидани ин чорабиниҳо, тавсияҳо ва сенарияҳои намунавӣ таҳия ва ба ҳамаи мактабҳои миёна паҳн карда мешаванд.
Ҳамчунин, дар рафти чорабиниҳо донишомӯзоне, ки бо баҳои аъло таҳсил мекунанд ва бо рафтор ва истеъдоди худ барои ҳамсолони худ намуна мебошанд, ҳавасманд карда мешаванд.
Ба волидони хонандагон дар номинатсияҳое, ба монанди «Падари фаъолтарин», «Модари ғамхор» ва «Волидони масъулиятшинос» ифтихорномаҳо дода мешаванд.
Чорабиниҳои «Занги охир» дар ҷойҳои кушод ва сояафкани мактабҳо, бо риояи қатъии қоидаҳои бехатарӣ ташкил карда мешаванд.
Тибқи тартиби муқарраршуда, чорабиниҳо 25-уми майи соли ҷорӣ аз соати 08:00 то 09:00 субҳ баргузор мешаванд.
Инчунин, дар назар аст, ки рӯзҳои 25-30-юми май барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии томактабӣ дар ҳамаи минтақаҳо таҳти шиори «Хайр, боғча — салом, мактаб!» чорабиниҳои идона ташкил карда шаванд.
Хидмати матбуоти Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят.
