Ovozi.uz

Фестивали IV байналхалқии чой

Дар маҷмааи сайёҳии «Шаҳри абадӣ»-и Самарқанд «Фестивали IV байналхалқии чой» баргузор гардид.

Дар он намояндагони кишварҳои гуногун, меҳмонон, олимон, донишҷӯён ва дигарон иштирок намуданд. Дар фестивал, чойҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ, Хитой, Филиппин, Ҳиндустон ва халқҳои дигар аз ҷониби намояндагони ҳамон миллатҳо ба меҳмонон пешкаш карда шуданд. Аз ҷумла, таркиби чойи миллии Ҳиндустон аз чойи хушк, об, шир, занҷабил, шакар ва дигар маҳсулоти махсус иборат буда, онҳо дар давоми 10-25 дақиқа якҷоя ҷӯшонида мешаванд. Қайд карда шуд, ки он барои муаммои вобаста ба гулӯ хеле муфид аст.

Дар натиҷаи пурсишҳое, ки дар байни иштирокчиёни фестивал гузаронида шуданд, маълум шуд, ки дар бисёре аз кишварҳои Шарқ мардум чанд сол боз, чойро мунтазам — субҳ, нисфирӯзӣ ва шом менӯшанд. Таъкид гардид, ки чой фаъолияти майнаро беҳтар намуда, асабҳоро ором месозад ва хастагиро кам мекунад. Инчунин, нӯшидани чойи гарм дар фасли тобистон низ ба бадани инсон салқинӣ мебахшад.

Илова бар ин, дар давоми фестивал ба шоираи маъруфи самарқандӣ Хосият Бобомуродова ҷоизаи олии донишгоҳ — унвони профессори фахрӣ дода шуд.

Зиннура ИЛҲОМҶОНОВА