Писар мефахрид, ки падараш ӯро танҳо барои фурӯхтани кулоҳҳои хасин ба бозор фиристонд. Писар кулоҳҳоро ба ароба бор карда, ба роҳ баромад. Дар сари дуроҳа ҷавоне деҳотӣ барои дамгирӣ истод. Ҳамин ки ӯ чой ҷӯшонд, шарфаи пойи сумҳо шунида шуданд ва ба назди ҷавон аробае омад, ки дар он ҳам кулоҳҳои хасин бор карда шуда буданд.
– Эй ҷавон, мо бо кадом роҳ зудтар ба ярмарка рафта мерасем? – пурсид марди деҳнишини болои ароба.
– Каме дам гиред, – пешниҳод кард ҷавон, ки аз пайдо шудани ҳариф озурдахотир шуда. Вай рад кард, он гоҳ ҷавон бо дасташ роҳи тарафи рост, ки аз байни саҳро мегузашт, нишон дод. Вай муғамбирӣ карда буд – ин роҳ нисбати роҳи даруни беша се маротиба дуртар буд. “Аз дусар аз ман пештар рафта намерасед”, – зери лаб гуфт ҷавон. Вай каме истироҳат карда, бо роҳи даруни ҷангал рафт.
Ҷавон қариб ба ярмарка расида буд, вале ногоҳ аспаш истод. Ҷавон вақте ки дар пеши роҳ дарахти балути калони афтодаеро дид, ба чашмонаш бовар накард. Аз паҳлуи он гузаштан мумкин набуд, ноилоҷ ба оқиб гашта, баъд бо роҳи дуру дароз ба ярмарка рафтан рост омад.
Ба хона баргашта, писар ғамгинона ба падар гуфт:
– Аз сабаби он ки ман ба ярмарка дер рафта расидам, бисёр кулоҳ фурӯхта натавонистам. Дарахти афтода роҳро баста буд. Бар замми он, дар ярмарка кулоҳфурӯши дигар ҳам буд. Ман вайро фиреб додам, ӯро ба роҳи дур фиристондам, вале вай ба вуҷуди он, аз ман пештар ба бозор расидааст.
– Дар ёд дор, писарам: дигаронро фиреб дода, худат фиреб мехӯрӣ, – гуфт падараш.
– Ман худро фиреб надодаам, – ҳайрон шуд писар.
– Агар ту ба он деҳотӣ роҳи дурустро нишон медодӣ, вай аз дарахти афтода туро огоҳ мекард. Аз ин мебарояд, ки ту худатро худат фиреб додӣ, – фаҳмонд падараш.
©️ «Ҳафт бор афтӣ, ҳашт бор хез!». Дар таҳия ва тарҷимаи Бахтиёри Ҷумъа ва Нарзипӯлод Саидова
