Ovozi.uz

Қадамгузорӣ сӯи ҳаёти фаъолона

Дар Маркази хизматҳои иҷтимоии «Инсон»-и шаҳри Самарқанд рӯйхат (реестр)-и шахсони пиронсол ва ногироидоштаи танҳо, ки ба нигоҳубини дигарон эҳтиёҷ доранд, ташкил карда шуд. Ҳоло ба ин рӯйхат 333 нафар шахсро дохил карданд. Ба 241 нафари онҳо бар асоси қарори Девони Вазирон аз 11-уми марти соли 2024 «Дар бораи роҳандозии сохтори аз ҷиҳати сифат нави расондани хизмати иҷтимоӣ ба шахсоне, ки ба нигоҳубини дигарон эҳтиёҷ доранд», ки бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27-уми декабри соли 2023 «Дар бораи чораҳои такмили сохтори расондани хизмати иҷтимоӣ ва ёрӣ ба пиронсолон ва шахсони ногироидоштаи танҳо, ки ба нигоҳубини дигарон эҳтиёҷ доранд» қабул гардидааст, ба ҷои пардохтҳои иловагии ҳармоҳина барои компенсатсия ба музди хизматҳои коммуналии хонаву ҷой, маҳсулоти хӯрокворӣ ва гигиенаи шахсӣ ба пиронсолон ва шахсони ногироидоштаи танҳо ҳар моҳ ба миқдори хароҷоти минималии истеъмолӣ ёрии моддӣ медиҳанд.

Хизматрасонии иҷтимоӣ-маишӣ дар хона бо шкалаи Бартел ва Лаутон баҳогузорӣ шуда, мувофиқи вақтҳои хизматрасонӣ амалӣ карда мешавад.

Аз 1-уми июни соли 2025 барномаи «Қадамгузорӣ сӯи ҳаёти фаъолона», ки ба дастгирии шахсони ба воя расидаи ба нигоҳубини дигарон эҳтиёҷдошта нигаронда шудааст, роҳандозӣ гардида, мувофиқи он амалӣ намудани асосан 5 намуди хизматҳои нави иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст:

1. Расондани хизмати иҷтимоию маишӣ дар шароити хона;
2. Хизмати нигоҳубинӣ дар шароити хона;
3. Хизмати реабилитатсияи тиббӣ-иҷтимоӣ;
4. Хизмати нигоҳубинӣ омаду рафти рӯзона;
5. Хизмати ёрдамчии шахсӣ.

Аз 1-уми июли соли равон дар Маркази хизматҳои иҷтимоии «Инсон»-и шаҳри Самарқанд бо мақсади таъмини иҷрои лоиҳаи «Қадамгузорӣ сӯи ҳаёти фаъолона» ба 293 нафар шаҳрвандони пиронсол ва ногироидоштаи танҳо дар хонаашон хизматҳои иҷтимоӣ-маишӣ мерасонанд. Аз ҷумла, ба 45 нафар шахсони ногироидоштаи гурӯҳи I дар хонаашон нигоҳубин мекунанд, 3 нафар нобиноҳо таълим ва барои равуо ба ҷои кор ва гирифтани таълим хизмати ҳамроҳро мерасонанд, ба 7 нафар ногироиҳои гурӯҳи I ҳар рӯз рафта, нигоҳубинӣ мекунанд ва 45 нафар шахсони ба нигоҳубини дигарон эҳтиёҷ дошта хизмати реабилитатсияи тиббӣ мерасонанд.

Дилбар АМОНОВА,
cармутахассиси шӯъбаи Маркази хизматҳои иҷтимоии «Инсон»-и шаҳри Самарқанд