Ovozi.uz

Хосиятҳои фоиданоки беҳиро медонед?

* Асабҳоро ором карда стрессро рафъ мекунад.

* Барои зуком, сармо ва сулфа муфид аст. Агар дарунашро тарошида, 1-2 қошуқ асал андохта, пас аз буғ кардан бихӯранд, сулфаро шифо мебахшад.

* Хӯрдани 100 грамм беҳӣ дар як рӯз аз камхунӣ ва бемориҳои дил пешгирӣ мекунад.

* Оби ҷӯшидаи донаи беҳӣ барои ангина фоида дорад.

* Барги беҳиро ҷӯшонида нӯшидан астмаи бронхиро шифо мебахшад.

* Мӯйро бо оби ҷӯшонида барги беҳӣ ё тухми беҳӣ бишӯед, сабӯсакро дафъ мекунад.