Ovozi.uz

Тартиби гузаронидани озмуни “Бунёдкорони Ӯзбекистони нав” муайян гардид

Бо қарори Ҳукумат Низомнома «Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни миллии маҳорати касбии “Бунёдкорони Ӯзбекистони нав”» тасдиқ карда шуд.

Мувофиқи низомнома, дар байни хонандагони техникумҳо, ҷавонон, донишҷӯён ва аҳолии бекор, ки синнашон аз 16 боло ва то 30 сола аст, барои дарёфти ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон озмуни миллии маҳорати касбии “Бунёдкорони Ӯзбекистони нав” баргузор мегардад.

Мувофиқи низомнома, Агентии таълими касбӣ ҳар сол то 1-уми март (ҳамон рӯзро низ дар бар мегирад) тавассути платформаи электронӣ номзадҳоро барои иштирок дар озмун ба қайд мегирад.

Дар озмун: ➖ Дар зинаи якум — аз миёни ҷавонон, донишҷӯён ва аҳолии бекор аз ҳар як маҳалла аз рӯи ҳар як ихтисос 3 нафар номзад; ➖ Дар зинаи дуюм — хонандагони техникумҳо ва ғолибони ҷойҳои 1-3 аз марҳилаи аввал аз рӯи ҳар як ихтисос; ➖ Дар зинаи сеюм — ғолибони ҷойҳои 1-5 аз марҳилаи дуюм аз рӯи ҳар як ихтисос иштирок мекунанд.

Озмун дар техникумҳое, ки дорои заминаи моддӣ-техникӣ мебошанд, инчунин дар корхонаҳо (ташкилотҳо)-и корфармо, IT-паркҳо ва майдонҳои махсуси мутобиқшуда баргузор карда мешавад.

Ғолибони марҳилаи 3 ва устодони амалии ба онҳо вобасташуда бо мукофотҳои якдафъаинаи пулӣ дар ҳаҷми зерин мукофотонида мешаванд: ➖ Ҷойи якум (медали тилло) — 20 баробари нишондиҳандаи базавӣ, барои устод — 100 баробар; ➖ Ҷойи дуюм (медали нуқра) — 15 баробар, барои устод — 80 баробар; ➖ ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) — 10 баробар, барои устод — 60 баробар.

Ғолибони зинаи сеюм барои иштирок дар чемпионати байналмилалии “WorldSkills”, ки аз ҷониби ташкилоти “WorldSkills International” гузаронида мешавад, роҳхат мегиранд.