Вақтҳои охир тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳолатҳои қаллобӣ тавассути саҳифаҳои сохта бо номҳои «Анбори гумрук», «Молҳои мусодирашудаи гумрук» ва дигар номҳои монанд зиёд ба қайд гирифта мешаванд.
Дар ин саҳифаҳо хабар дода мешавад, ки гӯё молҳое, ки аз ҷониби мақомоти гумрук (боҷхона) боздошта шуда, ба моликияти давлат гузаштаанд ва бо нархҳои хеле арзон ба фурӯш бароварда мешаванд.
Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳрвандонро даъват кард, ки ба чунин эълонҳо дар саҳифаҳои қалбакӣ бовар накарда, ба шахсони номаълум маблағ нагузаронанд.
Тавре таъкид гардид, ҳама гуна молҳои мусодирашуда танҳо дар асоси қарори суд тавассути мағозаҳои муассисаи давлатии Боҷхона сервис ба фурӯш бароварда мешаванд.
Ҳамчунин, Кумита шаҳрвандонро аз навъи нави қаллобӣ низ огоҳ кард.
Масалан, ба шаҳрвандон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ чунин паёмҳо меоянд: «Ба шумо дар хориҷ 100 ҳазор доллар мерос боқӣ мондааст. Он дар гумрук қарор дорад. Барои гирифтани он шумо бояд 9 миллион пардохт кунед».
Кумита таъкид мекунад, ки чунин паёмҳо доми навбатии қаллобон мебошанд ва ҳеҷ як идораи расмӣ барои гирифтани мерос ё бор пешакӣ пардохт талаб намекунад.
