Ovozi.uz

Дар Ӯзбекистон Агентии корҳои нотавонии пардохт таъсис дода мешавад

Ин сохтор бо таҳлилу бартарафсозии омилҳои банкротӣ, тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирӣ ва кӯмак ба корхонаҳо барои беҳтар намудани вазъи молиявӣ машғул хоҳад шуд.

Бо фармони президент аз 6-уми май таъсиси Агентии корҳои нотавонии пардохт ва бахшҳои ҳудудии он дар назди Вазорати адлия пешбинӣ гардид.

Нотавонии пардохт — ин ҳолатест, ки аз ҷониби суд эътироф шуда, қарздор қодир нест талаботи кредиторонро оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ пурра қонеъ намояд ва ӯҳдадориҳои худро вобаста ба андозҳо ва пардохтҳо пурра иҷро кунад.

Мувофиқи фармони «Дар бораи чораҳои такмили минбаъдаи институти нотавонии пардохт», агентӣ ҳамчун мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ муайян шудааст, ки барои пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи нотавонии пардохт масъул хоҳад буд.

Вазифаҳои асосии агентӣ дар соҳаи нотавонии пардохт чунин муайян шудаанд: — татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи нотавонии пардохт, аз ҷумла назорат ва танзими ин соҳа; — ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар соҳаи нотавонии пардохт; — рақамикунонии пурраи ҷараёнҳои нотавонии пардохт ва соддасозии расмиёти зиёдатии бюрократӣ.

Бояд гуфт, ки пешниҳоди таъсиси ин агентӣ моҳи апрел аз ҷониби Президенти кишварамон пешниҳод шуда буд.