Ovozi.uz

Дар Самарқанд таҷрибаҳои беҳтарини криминологияи ҷаҳон омӯхта мешаванд

Дар чорабиние, ки аз ҷониби Институти тадқиқотии криминологияи назди Вазорати корҳои дохилӣ ташкил карда шудааст, ташкилотҳои байналмилалӣ, роҳбарони пулис ва криминологҳои кишварҳои хориҷӣ, инчунин олимони пешсаф иштирок карданд.

Аз ҷумла, дар форуми байналмилалӣ:

  • UNODC — Садорати минтақавии СММ оид ба ҷинояткорӣ ва маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ;
  • TIKA — Агентии ҳамкорӣ ва рушди Туркия;
  • GIZ — Ҷамъияти Германия оид ба ҳамкории байналмилалӣ;

инчунин, роҳбарони ваколатхонаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар Ӯзбекистон иштирок намуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқро баррасӣ намуданд.

Иштирокдорони форум, инчунин бо фаъолияти «Ҳафтгонаи маҳалла»-и шаҳри Самарқанд, фаъолияти шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ оид ба таъмини бехатарии сайёҳӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ шинос карда мешаванд.

Ҳамчун яке аз натиҷаҳои муҳимтарини форум, ҳуҷҷатҳое омода карда мешаванд, ки барои тақвияти куллии ҳамкорӣ бо сохторҳои пулис ва тадқиқотии як қатор кишварҳо равона карда шудаанд.

Аз ҷумла, як қатор созишномаҳо бо шуъбаҳои пулис ва созмонҳои тадқиқоти криминологияи Маҷористон, Ҳиндустон, Россия, Қатар, Туркия, Хитой, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст.