Ovozi.uz

Дар Навоӣ кӯдаки 5-моҳа, ки падараш ҷуробро ба даҳонаш гузоштааст, вафот кард

Дар ноҳияи Хотирчии вилояти Навоӣ падар барои он ки кӯдакаш гиря мекард, ба даҳони ӯ ҷуроб андохтааст. Дар натиҷа кӯдаки 5-моҳа вафот кардааст. Дар ин бора нашрияи «Замон» хабар дод.

Мувофиқи маълумот, ҳодиса 10-уми январ рух додааст. Аз сабаби гиря кардани кӯдак, падар ба даҳони ӯ ҷуроб гузоштааст. Дар натиҷа, кӯдак аз норасоии нафас ранҷ кашида, ранги баданаш кабуд шудааст. Пас аз ин, модар кӯдакро фавран ба беморхона бурдааст.

— 10-уми январ тақрибан соати 00:00 як бемор дар ҳолати ниҳоят вазнин, дар вазъияти марги клиникӣ оварда шуд. Қалб ва нафаскашӣ қатъ шуда буд. Мо реаниматсияи дилу шуш гузарондем ва баъдан фаъолияти дил барқарор гардид. Кӯдакро чор рӯз дар шуъбаи эҳёгарии кӯдакон тибқи стандартҳо муолиҷа кардем. Мутахассисони зарурӣ низ ӯро муоина карданд. Бо вуҷуди ин, 14-уми январ тақрибан соати 22:00 ҳолати марги биологӣ ба қайд гирифта шуд, — гуфтааст шифокор.

Ба гуфтаи намояндагони маҳалла, ин мард оилаи дувум низ доштааст . Дар оилаи аввалаш ҳам ӯ нисбат ба фарзандонаш (як духтар ва як писар) мунтазам фишор ва зӯроварӣ мерасонидааст. Кумитаи маҳалла бо ин мард борҳо суҳбатҳои профилактикӣ гузаронда, ӯ зери назорат қарор доштааст.

Мувофиқи маълумоти Садорати корҳои дохилии вилояти Навоӣ, нисбат ба гумонбаршуда бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ (қасддан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чораи эҳтиётии ҳабс татбиқ шудааст. Айни ҳол тафтишоти ибтидоӣ идома дорад.