Имтиҳонҳои тестӣ барои таҳсили бакалаврӣ анҷом ёфт. Акнун марҳилаи интихоби ихтисос оғоз шудааст.
Аз соли гузашта инҷониб танҳо маҷмӯи фанҳо пеш аз имтиҳон интихоб карда мешавад. Дигар ҷузъиёти муҳими ҷараён бошад, пас аз супоридани тест муайян мегардад. Пас, довталаб баъд аз тестҳо чиро интихоб мекунад?
Аввалан: довталаб метавонад то панҷ ихтисосро интихоб намояд. Дар ин ҳолат, ӯ метавонад ихтисосҳоеро, ки ба маҷмӯи фанҳои тести ӯ мутобиқат доранд, аз ҳар гуна муассисаи таҳсилоти олӣ интихоб кунад.
Таъкид намудан лозим аст, ки дар сомонаи UzBMBA танҳо фанҳо интихоб мешуданд, на ихтисос, вале баъзеҳо ба сабаби иштибоҳ дар фаҳмиш, ба ихтисос аҳамияти ҷиддӣ доданд. Дар асл, ихтисоси нишондодашуда ҳеч маънии ҳатмӣ надошт — он танҳо барои осонии ҷараён ба таври намунавӣ ишора шуда буд.
Xулоса, ихтисосе, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб карда шудааст, аҳамияти муайянкунанда надорад. Пас аз тест довталаб метавонад то панҷ ихтисосеро, ки ба фанҳои супоридааш мутобиқат доранд, озодона интихоб намояд.
Cониян: довталаб шакли таҳсилро интихоб мекунад. Бо назардошти ҷойҳои ҷудошуда дар квота, мумкин аст таҳсили рӯзона, шабона ё фосилавиро интихоб намуд. Ё метавон дар миёни панҷ ихтисос шаклҳои гуногуни таҳсилро омехта интихоб кард.
Шаклҳои шабона ва фосилавӣ доштани ихтисосҳо танҳо пас аз нашри квотаҳо маълум мешавад. Сеюм: довталаб самти беҳтарро муайян мекунад. Дар ин маврид, самти беҳтарро метавон ба гирифтани гранти давлатӣ ё ба дохил шудан ба ихтисоси мушаххас равона кард. Ҳамин тавр, довталабон рӯзҳои 14–23‑юми июл дар тестҳо иштирок карданд ва натиҷаи имтиҳонро хоҳанд донист.
Пас аз анҷоми ҳамаи тестҳо, барои интихоби се масъалаи зикршуда (ихтисос, шакли таҳсил ва афзалият) ба довталабон 15 рӯз муҳлат дода мешавад. Баъд аз ин муҳлат, ҷараён барои ташкили мандати умумӣ оғоз меёбад. Тибқи низомнома, мандати ниҳоӣ бояд дар давоми як ҳафта нашр гардад. Пас, интизор меравад, ки натиҷаҳои мандат тақрибан 17‑уми август эълон мешаванд.Пас аз нашри мандатҳои муассисаҳои олӣ, барои довталабоне, ки қабул нашудаанд, имкони интихоби коллеҷ ва техникумҳо дода мешавад. Барои ин раванд 10 рӯз пешбинӣ гардидааст.
Ф.МУҲАММАДЗОД омода намуд.
