Ovozi.uz

Ба навиштаатон риоя кунед

Оғози сармуҳарририям дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» буд. Падарам (равонашон шод бод!) ҳар як шумораи рӯзномаро аз субҳи содиқ бо диққат аз назар мегузарониданд. Рӯзе маро ба назди худ даъват намуда, аввал ҳолу аҳволамро пурсиданд. Сипас, рӯзномаро ба ман нишон дода:

— Ин рӯзномаро шумо бо ҷамоаатон мебароред? — гуфтанд.

— Бале!

Бо ангушти нишондиҳандаашон ба як мақола ишора намуда:

— Магар инро нахондед? — гуфтанд.

Мақола дар бораи фоидаи хӯроки саҳарӣ барои саломатӣ будааст.

— Хондам, падар! Албатта, хондам! — ҷавоб додам ба саволашон.

— Пас чаро ба навиштаатон риоя намекунед, писарам? Хӯроки саҳарӣ хӯрдани шуморо ҳеч намебинам, — гуфтанду илова намуданд:

— Ҳар чизе, ки менависед, бар он амал кунед!

Баҳодур Убайдуллоҳ

©️ Аз китоби «Oвози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳo»