Ovozi.uz

А. Қодиров: «Соҳибони тӯйҳои дабдабадор «андози ҳашамат» месупоранд»

Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон, ки пайваста дар масъалаи пешгирӣ аз баргузории тӯйҳои дабдабадор ва хароҷоти зиёдатӣ ташаббускор мебошад, пешниҳод кардааст, ки барои баргузории тӯйҳои бо ҳазор ё даҳ ҳазор меҳмон андоз ситонида шавад.

Имрӯз дар анҷумани матбуотӣ раҳбари ҳизб Алишер Қодиров изҳор кард, ки ҳизб дар мавқеи худ ҷиҳати пешгирии дабдабабозӣ дар тӯйҳо устувор меистад. Таъкид гардид, ки чорабиниҳо оид ба таъмин намудани иҷрои қарори муштараки палатаҳои парламент дар бораи ба низом даровардани баргузории тӯйҳо, ҷашнҳои оилавӣ, маъракаҳо ва маросимҳо бояд пайваста идома дода шаванд.

Инчунин, қайд кард, ки агар зарурат пеш ояд, нисбат ба шахсоне, ки мехоҳанд бо даъвати ҳазорҳо меҳмон тӯй баргузор кунанд, бояд “андози ҳашамат” ҷорӣ карда шавад.

Роҳбари ҳизб гуфта гузашт, ки маблағҳое, ки барои тӯйҳои дабдабадор сарф мешаванд, беҳтар аст ба ҳадафҳои хайр, аз қабили таҳсили фарзандон ё таъмин намудани оилаи ҷавон бо манзил ё мошин равона гарданд ва дар байни аҳолӣ чунин маданият ташаккул дода шавад.