Дар мулоқот, ки бо мақсади омӯзиши муаммоҳои субъектҳои соҳибкории вилоят ташкил шуд, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ва раиси Ассотсиатсияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон Қаҳрамон Қуронбоев ширкат варзиданд.
Дар рафти мулоқот субъектҳои соҳибкорӣ оид ба ҷудо намудани кредитҳои бонкӣ ва субсидияҳо, истифодаи имтиёзҳои андоз, татбиқи ғояҳои стартап, гирифтани иҷозатнома барои сохтмони меҳмонхонаҳо, пайвастшавӣ ба гази табиӣ ва содироти маҳсулот кумаки амалӣ дархост намуданд.
Дар маҷмӯъ, дар мулоқот муаммову пешниҳодҳои марбут ба фаъолияти соҳибкорӣ дар истеҳсолот, сайёҳӣ, кишоварзӣ, тибби хусусӣ ва дигар бахшҳо шунида шуда, аксари онҳо дар худи ҳамон ҷо ҳаллу фасл гардиданд. Дар баробари ин, муҳлатҳои омӯзиши иловагӣ ва ҳалли баъзе масъалаҳое, ки вақтро талаб мекарданд, муқаррар карда шуданд.
