Ovozi.uz

Хоб барои кӯдак танҳо истироҳат нест, балки ҷараёни муҳими гормонӣ аст

Дар кӯдакони аз 1-сола боло хоб фақат масъалаи соат нест — ин масъалаи гормонҳо низ мебошад.

Кӯдаконе, ки пас аз соати 22:00 мехобанд, дар онҳо ҷудошавии мелатонин кам шуда, сатҳи кортизол баланд мегардад.

Ин ҳолат метавонад бо чунин аломатҳо зоҳир шавад:

➖ шабона зуд-зуд бедор шудан;

➖ субҳ бо нооромӣ аз хоб хестан;

➖ дар давоми рӯз зуд хаста шудан.

Андешаи «дертар хоб равад, хубтар мехобад» мутаассифона, нодуруст аст.

Кӯдаки аз ҳад зиёд хаста одатан:

➖ душвор мехобад;

➖ бештар бедор мешавад.

Пас аз 1-солагӣ барои кӯдакон вақти беҳтарини хоб одатан байни 19:30—21:00 ба ҳисоб меравад.

Рутинаи мунтазами шомгоҳӣ (оббозӣ, равшании хира, бозии ором, хондани китоб) ба мағзи кӯдак ишора мекунад, ки вақти хоб фаро расид.

Хуллас хоби барвақт ва тартибнок яке аз пояҳои муҳимтарини рушди саломатии кӯдак аст.