Ин тағйирот ба қонунгузорӣ нисбат ба беш аз 13,5 ҳазор маҳкумшуда, ки ҳоло дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд, дахл хоҳад дошт.
Дар маҷлиси умумии даҳуми Сенат қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон» баррасӣ шуд.
Қонун ба кодексҳои ҷиноятӣ, ҷиноятӣ-протсессуалӣ ва ҷиноятӣ-иҷроияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тағйироту иловаҳо ворид менамояд, ки дар онҳо кам кардани мӯҳлати ҷазои маҳкумшудагон бинобар ислоҳ шудани онҳо пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла, Кодекси ҷиноятӣ бо моддаи 741, ки вобаста кам кардани мӯҳлати ҷазои шахс бино бар ба роҳи ислоҳ гузаштани ӯро пешбинӣ менамояд, пурра карда мешавад.
Муқаррар карда мешавад, ки агар маҳкумшуда аз рӯйхати адабиёти тасдиқкардаи Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ китоберо мутолиа намояд ва дар сурати тасдиқ шудани далели мутолиаи ин китобҳо мӯҳлати адои ҷазо барои ҳар китоби мутолиашуда то се рӯз, вале дар як сол танҳо то 30 рӯз дар асоси хулосаи комиссия кам карда шавад.
Муқаррар карда мешавад, ки ин меъёр танҳо ба шахсоне дахл дорад, ки барои пеш аз муҳлат озод кардан (ба ғайр аз онҳое, ки ба ҷазои якумра маҳкум шудаанд) таъин шудаанд.
Ин тағйирот ба қонунгузорӣ нисбат ба беш аз 13,5 ҳазор маҳкумшудагоне, ки ҳоло дар муассисаҳои ислоҳӣ муҳлати ҷазо мегузаранд, дахл хоҳад дошт.
