Дар Самарқанд дар мавзӯи “Афзунсозии нақши институти ҷамъияти шаҳрвандӣ дар мубориза бар зидди коррупсия” сӯҳбати гирди мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ, ки таҳти ҳамкории шӯъбаи вилоятии Маркази таҳлили равандҳои демократӣ, Бунёди ҷамоатии дастгирии ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва дигар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандии назди Шӯрои намояндагони халқи вилоят ва шӯъбаи вилоятии Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон гузаронида шуд, масъалаи афзунсозии фаъолии ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ дар мубориза бар ришватситонӣ баррасӣ гардид.
– Яке аз роҳҳои муносиби мубориза бо коррупсия дар миқёси ҷаҳон ва барои кишвари мо, ин назорати ҷамоатӣ мебошад, – гуфт сарвари шӯъбаи вилоятии Маркази таҳлили равандҳои демократӣ Элёр Улуғмуродов. – Чанд намуди назорати ҷамоатӣ, аз қабили шунидан, мониторигнг кардан вуҷуд дорад, ки аз он созмонҳои ғайридавлатии ғайритиҷоратӣ метавонанд истифода баранд. Афсӯс, ки ҳоло аз онҳо самаранок истифода намебаранд.
Дар кишвари мо тамоми ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул шудаанд ва дар қонунгузории миллии мо дар ин масъала заминаи кофии ҳуқуқӣ мавҷуд аст. Аммо новобаста аз ин, дар татбиқи онҳо як қатор мушкилот ба чашм мерасад. Сад афсӯс, ки ҳоло мардуми мо моҳияти назорати ҷамоатиро ба маънои дуруст идрок намекунанд ва дар натиҷа чунин иллатҳои иҷтимоӣ доман паҳн мекунанд.
Дар ҷамъомад ҳамчунин андешаҳои коршиносон оид ба усулҳои пешгирии коррупсия дар миқёси ҷаҳонӣ, шароити омода ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти мубориза бо коррупсия шунида шуд.
Аҳамияти назорати ҷамоатӣ дар мубориза бар зидди коррупсия
