Бо маҳкумшудагоне, ки дар МИҶ-и рақами 37 воқеъ дар ноҳияи Пастдарғам ҷазо доранд, вохӯри ташкил карда шуд. Дар он ҷонишини ҳокими вилоят, роҳбари Садорати оила ва занону духтарон З.Раҳмонова, роҳбари шӯъбаи вилоятии Маркази маънавиву маърифатии ҷумҳурятӣ Д.Исмоилов, раиси суд оид ба корҳои ҷиноии ноҳия мутасаддиён иштирок карданд.
Дар вохӯрӣ ба китобхонаи манзил-калония 100 адад китоб тӯҳфа гардид.
Ҳозирон ба мувофиқа расиданд, ки ҳар моҳ як маротиба аз рӯи китобхонӣ тадбири маънавиву маърифатӣ ташкил мекунанд. Инчунин, дар сехи дӯзандагии колония шуғли нафар занон таъмин карда шудааст.
Ҷонишини ҳокими вилоят З.Раҳмонова бо шароити занони колония шинос шуда, бо онҳо сӯҳбат намуда аз муаммоҳояшон пурсон шуд.
Дар рафти вохӯрӣ 7 нафар маҳкумшудагоне, ки адои ҷазо доштанд, озод карда шуданд.
Садорати Оила ва занону духтарони вилоят.
