Ovozi.uz

Консули генералӣ дар Хонаи матбуот

Консули генералии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Самарқанд Талгат Шарипов ба Хонаи матбуоти вилоят омада, бо фаъолияти рӯзномаҳо ва таърихи матбуоти ин ҷо шинос шуд.

Ба Консули генералӣ дар бораи матбуоти вилоят, ки таърихи беш аз садсола дорад, рӯзномаҳои «Зарафшон», «Самаркандский вестник» ва «Овози Самарқанд» ахбор пешниҳод карда шуд. Роҷеъ ба аҳамияти ахбор дар замони бо суръат дигаршавандаи имрӯза, ба одамон саривақт ва босифат расонидани навгониҳо мубодилаи афкор баргузор гардид.
Қайд карда шуд, ки консулгарии Қазоқистон ба ҳамкории наздик бо воситаҳои ахбори оммавии вилоят тайёр аст.
— Мо барои мустаҳкам намудани робитаҳои маданӣ, эҷодӣ, илмӣ-таърихӣ байни ду давлат дар бораи Қазоқистон мақолаҳо ва роҷеъ ба таърихи шаҳри кӯҳан — Самарқанд дар нашрияҳои чопӣ, каналҳои телевизионӣ барномаҳо тайёр карданием, — гуфт Талгат Шарипов.
Бояд гуфт, ки консулгарии генералии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Самарқанд фаъолияти худро моҳи апрели соли 2024 оғоз карда буд.