Ovozi.uz

Ҷонишини ҳокими вилоят ба муаммои ҷавонони маҳаллаҳои дурдаст гӯш дод

Дар маҳаллаи Мангитободи ноҳияи Ургут бо иштироки ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов вохӯрӣ бо ҷавонони бекор баргузор гардид.

Мақсади асосии вохӯрӣ иборат аз дастгирии ҷавонон, таъмини шуғли онҳо, кӯмак дар таъмини манбаи доимии даромад ва афзоиши фаъолияти иҷтимоии онҳо буд.

Дар давоми мулоқоти кушод, Р. Қобилов масъалаҳои таъмини шуғли ҷавонон, омӯзиши касбӣ, роҳнамоии онҳо ба соҳаҳои замонавӣ ва серталаб, инчунин ҷалби онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ муфассал баррасӣ кард. Аз ҷумла, ӯ дар бораи шароитҳои фароҳамгардида барои онҳое, ки мехоҳанд бизнеси худро оғоз кунанд, кредитҳои имтиёзнок, субсидияҳо ва барномаҳои грантӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ роҷеъ ба барномаҳои амалигардидаи давлат барои ҷавонон, ҷойҳои холии корӣ дар бозори меҳнат, курсҳои бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисос маълумоти васеъ дода шуд. Аз ҷониби намояндагони ташкилот ва идораҳои дахлдор ба саволҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонон посухҳои муфассал доданд.

Дар рафти мулоқот муроҷиат, пешниҳод ва мушкилоти ба миёнгузоштаи ҷавонон бодиққат гӯш карда шуда, ба роҳбарон ва мутахассисони масъул барои ҳалли мусбати онҳо вазифаҳои дахлдор супурда шуданд. Баъзе аз масъалаҳо дар ҷои худ ҳал гардида бошанд, боқимонда ба назорат гирифта шуда, дар муддати кӯтоҳ ҳали худро ёфтани онҳо муайян карда шуданд.

Дар охири вохӯрӣ таъкид гардид, ки чунин мулоқотҳои кушод дар дастгирии ҷавонон, бевосита шунидани мушкилот ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо хеле муҳиманд.